Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз кай Соли нав мешавад?


Гурӯҳе аз донишмандони тоҷик мегӯянд, вақти он расидааст, ки давлати Тоҷикистон иди Наврӯзро ба унвони Соли нав ё сари сол эълон карда, дубора ба солшумории хуршедӣ баргардад.

Ба бовари онҳо, Наврӯз танҳо соли навест, ки дар айёми баробаршавии рӯзу шаб, зиндашавии табиат, оғози кишту кор фаро мерасад ва ҷанбаҳои махсуси динӣ низ надорад.

Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ, бостоншинос ва узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Наврӯз аз даврони пеш ба унвони Соли нав буда ва ҳоло низ месазад, ки дубора барои мардуми тоҷик Соли нав бошад. Вай мутмаин аст, ки агар ин мавзӯъ расман аз тарафи мақомоти Тоҷикистон эълон шавад, бо мушкиле дар кишвар рӯ ба рӯ нахоҳад омад: “Гумон мекунам, дар ин ҷо ҳич зиддияте нахоҳад буд. Чӣ фарқ аст, ки мо даромади солро аз 21- уми март шурӯъ мекунем, ё аз якуми январ. Беҳтар ин аст, ки ба ҷои январ мо фарвардин мегӯем.”

Тоҷикистон тақрибан як аср аст, ки аз рӯйи тақвими масеҳии григорианӣ кор мекунад. Тоҷикистониҳо бошад, соли нави худро дар рӯзи якуми январ пешвоз ва ҷашн мегиранд. Ҳамчунин онҳо номи моҳҳоеро истифода мекунанд, ки тибқи тақвими масеҳӣ ҷо ба ҷо ва номгузорӣ шудаанд. Ин солшуморӣ аз замони таваллуди Исои Масеҳ оғоз меёбад ва дар рӯзи нахустини моҳи январ фаро мерасад.

Солшумории хуршедӣ аз рӯзи 21-уми март, рӯзи Наврӯз, оғоз меёбад. Ин солшуморӣ мисли солшумории масеҳӣ аз 12 моҳ иборат аст. Фарвардин, Урдибиҳишт, Хурдод, Тир, Мурдод, Шаҳривар, Меҳр, Обон, Озар, Дай, Баҳман ва Исфанд исми моҳҳои солшумории ҳиҷрии хуршедианд.

Наврӯз нахустин рӯзи Фарвардин - моҳи аввалини солшумории шамсӣ ё хуршедӣ буда, сари сол аст ва аз қаъри ҳазорсолаҳо бо суннатҳои худ ҳамчун ёдгори қадима то ба рӯзгори мо расидааст.

Адаш Истад, аз адибони тоҷик, дар саҳифаи интернетии худ дар бораи тақвими хуршедӣ менависад, ки “ҳар рӯзу моҳи ниёгони мо ба номи фариштагони нек буд. 30 рӯзи ҳар моҳ низ номҳои худро дошт. Барои ин номҳоро дар ёд нигоҳ доштан хирад лозим буд”.

Пас аз мустақилияти Тоҷикистон то кунун низ ин мавзӯъ матраҳ аст, ки Тоҷикистон чӣ гуна ба хатти форсӣ, хатти гузаштагони худ, ва ҳамчунин ба солшумории шамсӣ, тақвими суннатии худ, баргардад.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди саршиноси тоҷик, агарчӣ роҳи расидан ба ин ормонро тӯлонӣ медонад, вале мегӯяд, ин танҳо роҳест, ки тоҷиконро ба асли худ наздиктар мекунад: “Мо бояд ба асли худ баргардем. На ба ин маъно, ки одами асри кӯҳан шавем. Барои ин ки фардои худро, пасфардои худро дуруст муайян кунем. Барои ин ки ояндаи худро дуруст муайян кунем, бояд дирӯзу парерӯзи худро донем”.

Аммо Қодири Рустам, аз нависандаҳои тоҷик, мегӯяд, феълан ду омили барҷаста вуҷуд дорад, ки намегузорад давлати Тоҷикистон ошкоро Наврӯзро расман сари сол эълон кунад ва тақвими хуршедиро бипазирад. “Омили субъективӣ шояд аз он иборат аст, ки ҳукуматдорони мо то ҳанӯз аҳамияти миллатсозии ин мавзӯъро дарк накардаанд. Омили объективӣ ин аст, ки мақомдорони мо шояд аз ҳамсояҳои дуру назики худ меандешанд. Қабл аз ҳама аз Русия. Зеро таври маълум, танҳо барои ислоҳи баъзе аз бандҳои қонуни забони тоҷикӣ дар соли гузашта чӣ гуна расона ва таҳлилгарони онҳо шӯру ғавғо бардоштанд”,- илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳое ҳам ҳастанд, ки соли нави онҳо дар рӯзи якуми январ фаро намерасад ва солшумории онҳо тибқи тақвими масеҳӣ нест. Аз ин рӯ, бештари донишмандони тоҷик бозгашт ба солшумории хуршедиро, ки то солҳои 1920 дар минтақа роиҷ буд, ҳаққи қонунӣ ва таърихии тоҷикон медонанд.

Ҳамчунин, онҳо ба ин назаранд, ки дар ҳар кишвар метавонад, ду ё зиёда аз он солшумориҳо мақоми расмӣ дошта бошанд ва ин ҳол ҳеҷ мушкиле пеш намеорад. Бо ин ҳол суоли аслӣ ин аст, ки то чӣ ҳад мақомдорони тоҷик барои эълони Наврӯз ба унвони Соли нав омода ҳастанд. Суоле, ки ҷавобаш то ҳоло фақат сукут будааст.
XS
SM
MD
LG