Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи Амрико(Live)

Бо анҷоми раъйдиҳӣ дар бештари аёлатҳои Амрико, аввалин натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА эълон мешаванд.

06:11 7.11.2012
Хабаргузории Ройтерз навиштааст, Барак Обама дар аёлати Вермонт ва Митт Ромнӣ дар аёлати Кентакӣ дастболо шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, Обама се раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 8 раъйи интихобӣ ба даст овардаанд.
06:12 7.11.2012

Хабаргузории Ройтерз навиштааст, дар аёлати Индиана номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ дастболо шуда, 11 раъйи интихобӣ касб намудааст. Барак Обама, номзади демократҳо ва президенти кунунии Амрико, баъд аз пирӯзиаш дар аёлати Вермонт се раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 19 раъйи интихобӣ ба даст овардаанд.

06:12 7.11.2012
Дар аёлати Вирҷинияи ғарбӣ номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ дастболо шуда, 5 райъи интихобии дигар касб кард. Ҳамин тариқ, то ин лаҳза номзади Ҳизби демократ ва президенти кунунии Амрико Барак Обама баъд аз пирӯзиаш дар аёлати Вермонт 3 раъйи интихобӣ ва Ромнӣ бо пирӯзиаш дар аёлатҳои Кентаккӣ, Индиана ва Вирҷинияи ғарбӣ 24 райъи интихобӣ ба даст овардаанд.
06:13 7.11.2012
Рӯзи шашуми ноябр даҳҳо миллион нафар дар саросари Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд, ки дар он Барак Обама, раисиҷумҳури феълӣ ва Митт Ромнӣ рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бо ҳам рақобат доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG