Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи Амрико(Live)

Бо анҷоми раъйдиҳӣ дар бештари аёлатҳои Амрико, аввалин натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА эълон мешаванд.

06:35 7.11.2012
Дар аёлатҳои Пенсилвания ва Флорида аризаҳои шикоятӣ пешниҳод кардаанд, вале тафсилоти бештари ин шикоятҳо дастрас нашудааст. Рӯзи сешанбе номзади ҷумҳурихоҳи курсии президентӣ Митт Ромнӣ дар аёлати Массачусетс овоз дод. Замоне ӯ волии ин аёлат будааст. Президенти кунунии ИМА Барак Обама, ки номзади ҳизби демократи ИМА мебошад, ҳафтаи гузашта дар Чикаго овоз дода буд.
06:34 7.11.2012
Овоздиҳӣ дар беш аз нисфи аёлатҳои ИМА ба охир расида, ҳисоби раъйҳо оғоз шудааст. Бар пояи пешбиниҳои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ феълан Обама 64 раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 56 раъйи интихобӣ касб намудаанд. Обама дар аёлатҳои Иллинойс, Делавар, Массачусетс, Мериленд, шаҳри Вашингтон, аёлатҳои Коннектикат, Вермонт ва Мейн пирӯз шуда, Ромнӣ дар аёлатҳои Индиана, Вирҷинияи ғарбӣ, Кентакӣ, Оклаҳома, Ҷорҷия ва Каролинаи ҷанубӣ дастболо шудааст. Барои пирӯзӣ дар интихобот номзад бояд камаш 270 раъйи интихобӣ дар ихтиёр дошта бошад.
06:22 7.11.2012
06:17 7.11.2012
Соати шаш ба вақти Тоҷикистон натиҷаи пешакии ғайрирасмӣ ё худ экзит пол дар як идда аёлатҳои соҳили шарқии ИМА эълон шуд. Шабакаи телевизионии СИ ЭН ЭН пешбинӣ кардааст, ки дар аёлатҳои Коннектикат, Делавар, Иллинойс, шаҳри Вашингтон ва Род Fйленд ба фоидаи Обама овоз додаанд. Тибқи пешбинии СИ ЭН ЭН феълан Обама 64 овози интихоботӣ ва Ромнӣ 40 овози интихоботӣ дар ихтиёр доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG