Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Латифи Пидром: "Ман фарзанди ду соҳили рӯди Омуям"


Абдулатифи Пидром, вакили парлумони Афғонистон.

Абдулатифи Пидром, вакили парлумони Афғонистон.

Шаҳрдории Кӯлоб дар як маросими хос шаҳодатномаи шаҳрванди ифтихориро ба Латифи Пидром тақдим намуд.

Вакили тоҷиктабори парлумони Афғонистон, Латифи Пидром, суботу амниятро аз муҳимтарин омил барои рушди як кишвар хонд ва тааҳҳуд супурд, ки дар каронаҳои рӯдхонаи Ому барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон мубориза хоҳад кард.

Ҷаноби Пидром ин матлабро дар маросиме баён дошт, ки тайи он ба ӯ шаҳодатномаи шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб супурда шуд. Ин маҳфил рӯзи 27-ум октябр дар Театри ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва бо ҳузури мақомоти расмӣ, меҳмонон аз Эрону Афғонистон, аҳли адабу ҳунари тоҷик, рӯзноманигорону шефтагони лафзи форсӣ баргузор шуд.

Латифи Пидром зимни сипос аз лутфи миллати Тоҷикистон гуфт, ба унвони як порсигӯ ва тоҷик фикр мекунад, ки тӯҳфа ва арҷгузории болотаре аз ин нест. Вай дар идома гуфт, "дар вазъияте, ки ҳолати кунунии кулли минтақа печида аст, додани шаҳрванди ифтихорӣ ба ҳар касе аз кишвари дигар, кори содда нест. Шакке нест, хуни як қавм дар шарёни мо ҷорист ва мо мутааллиқ ба ин фарҳанг ва ин сарзамин ҳастем. Аммо боз ҳам кор душвор аст. Ман эҳсос мекунам, ки чӣ бори азим ва сангин аз масъулият ба ӯҳдаи ман аст. Ман ба унвони як шаҳрванди ифтихорӣ худро мукаллаф медонам, ки вазоифи худро анҷом диҳам. Барои ҳамин, бо ҳамон нияте, ки мехоҳам дар Афғонистон барои ин қавм меҳнат бикунам ва заҳмат бикашам, табиатан дар инҷо ҳам ҳамон масъулиятро хоҳам дошт."

Латифи Пидром раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ ва намояндаи мардуми Бадахшон дар парлумони Афғонистон ва аз аъзои фаъоли раёсати ҷамъияити "Пайванд" буда, "шаҳрванди ифтихорӣ"-ро касб кардани вай низ барои талошҳояш дар густариши равобити миёни ҳамзабонон ва форсигӯён аст. Шаҳрдории Кӯлоб ҳанӯз дар ҷараёни таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ эълон карда буд, ки Латифи Пидром шаҳрванди ифтихории Кӯлоб шуд.

Шаҳрдори Кӯлоб, Абдуғаффор Раҳмонов, ки дар оғози ин маҳфил сӯҳбат мекард, гуфт, равобити танготанги кишварҳои форсизабон метавонад ба рушди кишварҳои минтақа, махсусан Тоҷикистон, ки стратегияҳои мушаххасро пайгирӣ менамояд, мусоидат кунад. Шаҳрдори Кӯлоб дар ин росто ишора ба нишастҳои сарони кишварҳои форсигӯи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон кард, ки ба гуфтаи ӯ, барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гомҳои устувор гузоштаанд. Ҷаноби Раҳмонов аз ҷумла ба бунёди панҷ пул бар фарози дарёи Панҷ ишора кард, ки чунин пулҳо дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Фархор низ бунёд хоҳанд шуд.

Шаҳрдори Кӯлоб равобити фарҳангиро дар амри наздикшавии ҳамзабонон муҳим хонд ва илова кард: "Дар баробари ин, густаришдиҳандаи тамоми робитаҳо, ин Гӯшае аз маҳфил.

Гӯшае аз маҳфил.

обитаи фарҳангист. Ҳар қадаре, ки аҳли фарҳанг ба ҳам наздик шаванд, байни мардум бошанд, ҳамон қадар маданияти мардум ва давлат омили ҳамоҳангсоз ва ба ҳам наздик шудани ҳамзабонон мегардад."

Як меҳмони афғонистонии ин маҳфил, ҷаноби Хушқадам, устоди Донишгоҳи Бағлон умедворӣ кард, ки касоне дар Афғонистон ҳастанд ва ин хабари хушро мешунаванд, аз рӯи виҷдон ва мунсифона қазоват бикунанд, на аз рӯи таассуб.

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон зимни сипос аз иқдоми шаҳрдории Кӯлоб, онро дар вазъи мураккабе, ки минтақа дорад, як иқдоми ҷасурона хонд. Искандаров шахсияти Пидромро истисноӣ тавсиф кард, ки дар саҳнаи сиёсии Афғонистон воқеиятҳоро ҳамон тавре, ки ҳаст, баён мекунад.

Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон изҳори умедворӣ кард, ки дар пайравӣ аз ин иқдоми шаҳрдории Кӯлоб, масъулони шаҳрҳои дигари кишвар ба ҳамзабонони бурунмарзӣ унвони шаҳрванди ифтихориро тақдим хоҳанд кард ва дар таҳкими робита миёни форсигӯён саҳм хоҳанд гузошт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG