Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёҳпӯшони Душанбе. Ситоиш аз маргу оромиш дар канори гӯр


Ҷек Авдеев, маъруф бо лақаби Ҷек Рок

Ҷек Авдеев, маъруф бо лақаби Ҷек Рок

Ҳоло дар Душанбе гурӯҳе аз ҷавонон бо номи "готҳо" пайдо шудаанд, ки барои оромиши рӯҳ ба канори гӯристонҳо мераванд.

Шоми 23-юми октябр. Қабристони насрониҳои Душанбе, дар паҳлуи ибодатгоҳи православӣ дар канораи пойтахт.

Мая, духтaре, ки ба фирқаи гот гаравидааст, макони сӯҳбати моро тариқи телефон маҳз дар ҳамин ҷо таъйин кард. Пас аз даҳ-понздаҳ дақиқа интизории мо ва комилан торик шудани рӯз Мая ба ин гӯристон омад. Ин духтари 22-сола мегӯяд, панҷ сол қабл, баъд аз фавти наздикон ва як дӯсти қаринаш, ба ин ҷараён рӯ овардааст. Ба гуфтаи Мая, ӯ худашро дар қабристон хеле орому амн эҳсос мекунад ва муддати зиёд дар ин хомӯшӣ ба дунёи худ фурӯ меравад.

"Бисёриҳо мепиндоранд, ки готҳо оқибат даст ба худкушӣ мезананд, ин нодуруст аст. Агар ин хел мебуд, кайҳо готҳо нобуд мешуданд. Ин равия ҳеҷ гуна зӯроварӣ ва худкуширо таблиғ намекунад. Онҳое, ки худкушӣ мекунанд, бемории рӯҳӣ доранд",-мегӯяд ӯ. Мая илова кард, дар мавриди готҳо тасаввуроти ғалати зиёде паҳн шудааст, ки мардум кӯр-кӯрона ба он бовар мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, "бархе бар инанд, ки готҳо сари чанд вақт ҳатман хуни инсон ё ҳайвонро менӯшанд, ки ин воқеият надорад". Вале гуфт ӯ, готҳо манзараи маргро хеле меписанданд, маргро меситоянд ва аз марг намеҳаросанд.

Пайравони эмо (Акс аз бойгонӣ)

Пайравони эмо (Акс аз бойгонӣ)

Ҳамчунин Мая иброз дошт, ки ҷомеаи Тоҷикистон фалсафаи ин фирқаро ҳеҷ фаҳмидан намехоҳад ва баръакс касонеро, ки ба ин равия гаравидаанд, масхараю мазоҳ ва ба қавле "радди маърака" мекунад. Шояд ин ҳолат готҳоро метавонад то худкушӣ наздик барад. Бинобар ин, Мая аз ифшои гот буданаш умдатан худдорӣ мекунад, ҳарчанд доимо либосҳои сиёҳи хоси готҳоро мепӯшад. Вай медонад, ки бо ин сарулибос таваҷҷӯҳи одамонро дар кӯчаю роҳравҳо ба худ ҷалб мекунад.

Тавре дар адабиёти марбут ба "субкултура" ё резафарҳангҳои ҷавонон омадааст, ҳамаи фирқаҳои ғайриодӣ, назири гот, эмо аз ҷараёни мусиқии панк-рок бархоста, дертар ба шеваи зиндагии ҷавонон мубаддал гаштааст. Ҷек Авдеев, як сокини ҷавони Душанбе, ки худ ба мусиқии рок майл ва бо ҷавонони эмо ва гот робитаи дустӣ дорад, мегӯяд, ин равияҳо пас аз оне, ки дар Русия ва Аврупо аз авҷи худ поён шуданд, акнун дар Тоҷикистон роиҷ мегарданд.

"Дар кишварҳои Аврупо, ки сатҳи зиндагӣ болосту мушкилоти иҷтимоӣ кам, ҷавонон ба субкултураҳои ғамангезу ғайриодӣ рӯ меоранд. Дар мо-ку мушкилоти иҷтимоӣ ва ғам бе ин ҳам бисёр аст. Бинобар ин, мантиқан дар мо бояд равияҳои умдатан мусбат ва хурсандибахш бояд роиҷ шаванд",-мегӯяд Авдеев. Ҷек мегӯяд, он ҷавононе, ки ба фарҳанги эмо ва гот рӯ меоранд, танҳо ба қаҳрамонони филмҳо ва фарҳанги Ғарб тақлид мекунанд. Бино бар ин, вақте ки зиндагӣ онҳоро маҷбур мекунад, зуд аз баҳри фирқаҳои худ гузашта, дар пайи ризқу рӯзӣ мешаванд. Ҳол он ки эмо ва готҳои ашаддӣ розӣ нестанд, маънавиёти худро қурбони неъматҳои моддӣ кунанд.

Эмо ва гот калимаҳои англисӣ буда, аввалӣ маънои эҳсосӣ ва дувумӣ маънои дағалро дорад. Фарқияти ин ду равияро худи намояндагони онҳо дар ин мебинанд, ки эмоҳо худро бад мебинанд, вале готҳо ҳамаро. Бояд гуфт, ин фирқаҳо аз ҷиҳати хатарнокӣ ба ҷомеа ва худи ҷавонон дар Русия ба равияҳои эктремистии миллатгароҳо, скинҳедҳо, фанатҳои футбол ва фашистҳо баробар дониста шудаанд.

Тоҷикистон танҳо аз ин лиҳоз метавонад, ба онҳо эътино накунад, ки шумори пайравони ин резафарҳангҳо хеле маҳдуд ва гоҳе ангуштшумор аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG