Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти пулиси Хатлон имсол беш аз 100 ҷинояти дар солҳои 90-уми асри гузашта содиршударо ошкор кардаанд.

Аммо ҳамоно беш аз 5 ҳазор ҷинояти солҳои пешин, аз ҷумла замони низоъҳои ҳамватанӣ, дар вилояти Хатлон нокушода боқӣ мондааст. Як намояндаи раёсати вазорати умури дохилӣ дар Хатлон гуфт, ба хотири таҳқиқи ҷиноятҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандӣ, мисоли тахрибкорию қатли инсон ва дуздии мол давлатию шахсӣ, ки ҳанӯз омилонаш боздошт ва ё ҳадди ақал муайян нагардидаанд, беш аз 10 гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дода шудааст.

Ба сурати асрорангез кушта шудани Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов, қумондонҳои собиқи Фронти Халқӣ, вуқӯи чанд таркиш дар назди раёсати умури дохилии Хатлон, ба қатл расидани якбора то 70 ҷавонмард аз деҳаи Даврон Нуриддинови ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар, кушта шудани Ҳайдар Қосимов, охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ… аз ҷиноёти пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шумурда мешавад, ки омилони ин ҷиноёт, таври маълум, расман ошкор ва ё боздошт нашудаанд.

Наргис Қосимова, духтари Шарофиддин Қосимов, журналисти маъруфи Вахшонзамин, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кушта шудааст, мегӯяд, то ба ҳол мақомоти интизомӣ дар боздошти қотили падараш оҷизӣ мекашанд. Ӯ гуфт, "шоҳидони ҳол гуфтанд, ки падарам пештар дар бораи баъзе нафарон, фаъолияти номуассири кори онҳо мақолаҳои танқидӣ ба чоп расонида буд ва шояд аз ҳамин хотир ҳам дар замони ҷанг ӯро куштаанд, гӯиё қасос гирифтаанд. Лекин то кушта шудани падарам, чанд хешу таборамонро куштанд. Баъд аз марги падар, Зуҳуров парвандаи қатли ӯро тафтиш мекард ва модарамро борҳо барои додани нишондод даъват карда буданд. Модарам нақл мекунад, ки пушти дари Зуҳуров занони бисёре ҷамъ меомаданд ва ҳар яке мегуфт, ки фарзандон ё ҳамсару бародарашро куштаанд, аммо қотилонро пайдо накардаанд."

Шоҳидони низоъҳои ҳамватании солҳои 90-уми қарни гузашта бар ин назаранд, ки ошкорсозии омилони ҷиноёти он замона феълан кори басо мушкил аст. Имкон дорад, ҳатто бархе аз дастандаркорони ҷиноёти замони ҷанг имрӯз шояд дар вазифаҳои масъули роҳбарикунанда низ кор кунанд, биноан, на ҳама парвандаҳои ҷиноятӣ, ки агар алайҳи омилони ҷиноёти солҳои пешин аз сар гирифта шавад, мунсифона баррасӣ хоҳад шуд.

Зафар Қосимов

Зафар Қосимов

Пайвандони Ҳайдар Қосимов, охирин Қаҳрамони тоҷики Иттиҳоди Шӯравӣ, низ ба пайдо кардани қотилони ӯ дигар умед надоранд. Зафар Ҳайдаров, набераи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, мегӯяд, аз замони ваҳшиёна кушта шудани бобояш наздики 20 сол сипарӣ мешавад, аммо ҳоло касе парво надорад, ки Қаҳрамони СССР-ро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӣ кушт ва манзилашро кӣ оташ зад.

"Агар ба мақомоти қудратӣ даркор шавад, меёбанд қотилонро. Аммо аз тарзи муносибат ва бархӯрди мақомот чунин хулоса мекунӣ, ки касе парво надорад ва машғули таҳқиқи ин парванда нестанд. Чанд дафъа омаданду пурсиданду рафтанд. Тамоми халқи Тоҷикистон медонист, ки бобои ман кист ва чӣ хизматҳои шоёне барои халқу Ватан кардааст. Вале дар ниҳоят ӯро, ки аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ солиму сарбаланд ба зодгоҳаш баргашт, ҳамватанони худаш ба қатл расониданд",-афзуд Зафар Қосимов.

Ҳайдар Қосимов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон будааст, ки дар синни 70-солагӣ, моҳи марти соли 1993-юм, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, аз сӯйи афроди мусаллаҳ ба қатл расидааст. Таърихнигорон мегӯянд, Ҳайдар Қосимов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ узви ягон ҷониби даргир - Фронти Халқӣ ва ё нерӯҳои мухолифин набуд ва танҳо шояд қурбони маҳалгароиҳои ҳамватанонаш шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Муяссар Қурбонова, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, солҳои 90-ум бародар ва ду тағояш аз дасти силоҳбасдасте кушта шудаанд. Ба иддаои Муяссар, ҳоло қотили бародараш зинда будааст. Вай аз вуқӯи ин ҳодиса чунин қисса мекунад: "Худамонро пеш карданд, гуреза шудем ба Қумсангир. Омада натавонистем, зеро куштанашон мумкин буд. Мардҳо монда буданд дар хона. Вақте баргаштем, гуфтанд, ки бародар ва тағоҳоямро куштаанд. Ҳатто қабрашонро пайдо накардем. Як мӯйсафед гуфт, ҷасади онҳоро шабона ба қабристон бурда, саросема ба хок супурда, гурехтааст. Азбаски он солҳо чунин қабрҳои номаълум хеле зиёд буд, касе намедонад, ки қабри пайвандонамон кадом аст. Албатта, бахшидан осон нест, аммо ба Худо супурдем қотилро. Пас аз чанд сол нафари қотил бо гуноҳи дигаре маҳбас шуд. Шояд Худо ҷазояшро дод."

Вале ҳамчунин мисолҳое ҳам ҳастанд, ки ҷавонони феълӣ дар водии Вахш, мисли Зафар Қосимов, набераи охирин Қаҳрамони СССР, ҳанӯз ба бахшидани гуноҳи омилони қатли пайвандонашон омода нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ақидаи бархе аз коршиносон, бозҷӯии омилони ҷиноёти дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиршуда ба зинда гардидани захмҳои ҳазорон-ҳазор сокини минтақаи ҷанубии кишвар сабаб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG