Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додхоҳии донишҷӯдухтарон аз раиси Донишгоҳи миллӣ


Бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ҳудуди 15 нафар аз донишҷӯдухтарон аз раҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақозо доштанд, ки масъалаи таъмини онҳо бо хобгоҳро базудӣ ҳал намоянд.

Субҳи сешанбе, 25-уми сентябр, 15 донишҷӯдухтар дар назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъ омада, шикоят карданд, ки аз хобгоҳ ронда шудаанд.

Онҳо мегуфтанд, ки 300 сомонӣ маблағи истиқомат дар хобгоҳро дар оғози соли нави таҳсил пардохта соҳиби ҳуҷраи худ шуда буданд. Аммо шаби 24-уми сентябр масъулони донишгоҳ аз онҳо хостаанд, ки ин ҳуҷраҳоро барои донишҷӯписарон холӣ карда, ба бинои дигари хобгоҳ раванд. Яке аз ин духтарони донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад, субҳи 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "он ҳуҷраҳое, ки масъулони донишгоҳ моро равон карда истодаанд, аллакай пур аст. Мо хавф дорем, ки агар ҳуҷраамонро холӣ кунем, бе хобгоҳ мемонем. Бинобар ин, дарсро як сӯ гузошта, имрӯз ба бинои марказӣ омадем, то ба мушкили мо расидагӣ кунанд.”

Духтарони норозиро Ҷамила Раҳмонова - муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия бо шумули раҳбари бахши амнияти донишгоҳ ба ҳузур пазируфт. Зоҳиран, қарори кӯчондани духтарон ба хобгоҳи дигар дар сатҳи масъулони умури хоҷагӣ ва амният гирифта шуда, агар он пеш аз оғози тақсими ҳуҷраҳо ва хобгоҳҳо пеш меомад, чунин баҳсу тазоҳур ба вуқӯъ намепайваст.

Роҳбари бахши амнияти донишгоҳ, ки худро Содиқов номид, сабаби ба ҳуҷраҳои дигар корпуси хобгоҳ интиқол додани духтаронро чунин шарҳ дод: “Соли гузашта дар хобгоҳи рақами 6 як духтар аз касе ҳомиладор шудаст. Падараш омада бо мо ҷанҷол кард, дашном дод. Мо ба ӯ гуфтем, ака, духтарат дар хобоҳ зиндагӣ мекунад, ҳар саҳар дарс мераваду бегоҳ меояд. Мо намедонем, ӯ дар куҷост. Мо аз пайи вай поида намегардем. Ба хотири он ки ҳамин хел ҳодисаҳо такрор нашаванд, имсол тасмим гирифтем, духтароҳо ва писаронро дар биноҳои алоҳидаи хобгоҳ ҷой диҳем.”

Аммо дар муқобили ин шарҳи ҷаноби Содиқов, духтарон гуфтанд, чаро аз оғози соли таҳсил маъмурияти донишгоҳ онҳоро ҷо ба ҷо нагузошт, вале акнун замоне, ки қулфи дари ҳуҷраҳоро харида таъмир карданд, онҳоро ба дигар ҳуҷраҳо кӯчондан мехоҳанд. Ба ин иддаои донишҷӯдухтарон масъули дигари донишгоҳ Илҳом Ашӯров гуфт, ба писарон фармоиш медиҳад, то он ҳуҷраҳоеро, ки духтарон ба он ҷо кӯчонда мешавад, қулфи дарашро таъмир ва ҳуҷраҳояшро рӯбӯчин кунанд. Масъулони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳузури ин донишҷӯён гуфтанд, талабот ба хобгоҳ дар донишгоҳ хеле зиёд аст ва ҳуҷраҳои хобгоҳ ба ҳама намерасад. Бинобар ин, онҳо бо хоҳиши худи донишҷӯён дар ҳуҷраҳое, ки 4 кат дорад, 5 нафар ва дар ҳуҷраҳое, ки ду кат дорад, се нафар донишҷӯро ҷой мекунанд.

Намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Илҳом Ашӯров, бо духтарони норозӣ сӯҳбат мекунад. Душанбе, 25-уми сентябри соли 2012

Намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Илҳом Ашӯров, бо духтарони норозӣ сӯҳбат мекунад. Душанбе, 25-уми сентябри соли 2012



Норасоии хобгоҳҳо барои донишҷӯёни макотиби олии пойтахт пас аз солҳои 2000-ум ба мушкили сахт табдил ёфтааст. Чунки ҳини нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳое, ки аз нуқоти даргириҳо ба Душанбе муҳоҷир шуданд, хобгоҳи донишгоҳҳоро ишғол карда, дар он ҷо маскан гирифтанд. Аммо пас аз ором шудани вазъ низ онҳо ин ҳуҷраҳоро тарк накарда, то ҳол бархеашон дар он ҷо сукунат доранд. Ҳамчунин як қисми хобгоҳҳо ба шакли мармуз хусусӣ гардонида шуданд ва бахшеро ҳам сафоратҳои хориҷӣ гирифтанд.

Абдураззоқ Ризоев, роҳбари бахши иттифоқи касабаи вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, дар чанд соли охир бо кӯшишҳои ин ниҳод аксарияти хобгоҳҳо ба соҳибони аслиашон баргардонда шуданд: "Ҳоло ҳамаи хобгоҳҳои донишгоҳҳо, коллеҷҳоро аз сокинон баргардонда гирифтем. Танҳо хобгоҳи чанд литсейи тобеи вазорат то ҳол ба донишҷӯён баргардонда нашудааст. Ҳоло кӯшиш дорем, нро ҳам баргардонем."

Ҷаноби Ризоев афзуд, ҳоло дар Тоҷикистон танҳо 10 дарсади донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин ҳастанду халос. Ин ҳам дар ҳоле, ки 50 фисади онҳо ба хобгоҳ ниёз доранду ба далели камбуди хобгоҳҳо дар манзили сокинон иҷоранишинанд. Ин гурӯҳи донишҷӯён барои манзил дар як моҳ аз 70 то 150 доллар сарф мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG