Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони газ дар Суғд. Хавфи сокинону хушбинии мақомот


Навбат дар яке аз нуқтаҳои фурӯши газ дар Хуҷанд. 12-уми сентябри соли 2012

Навбат дар яке аз нуқтаҳои фурӯши газ дар Хуҷанд. 12-уми сентябри соли 2012

Дар се рӯзи охир ба далели камбуди гази моеъ аксар нуқтаҳои фурӯши ин навъи маводи сӯхт дар Хуҷанд баста шудааст.

Норасоӣ ё камбуди шадиди гази моеъ нархи онро аз 3 сомонии як ҳафта пеш ба 3 сомониву 50 дирам боло бурдааст. Ҳоло дар марказҳои алоҳидаи фурӯши гази моеъ дар вилояти Суғд навбати зиёди мошинҳо ба чашм мерасад.

Абдуваҳҳоб, ронандаи таксӣ, ки дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар навбат меистод, гуфт, чунин ранг гирифтани вазъ аз як сӯ кори ӯро мушкилтар карда бошад, аз тарафи дигар даромадашро низ "қайчӣ задааст".

Дар ҳамин ҳол, масъулони шӯъбаи нақлиёти ҳукумати Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзе пеш ширкати “Хуҷанднафтугаз” аз Қазоқистон 19 вагон гази моеъ ворид кардааст. Қобилҷон Усмонов, сардори шуъбаи нақлиёт дар ҳукумати Суғд ба ин бовар аст, ки "тақсими он ба марказҳои фурӯши газ вазъро ба ислоҳ хоҳад овард."

Вале рӯзи чоршанбе, 12-уми сентябр, ҳамоно назди аксари марказҳои фурӯши гази моеъ навиштаи “Газ нест” ба чашм мерасид. Ҳамзамон бо норасоии шадиди гази моеъ боло рафтани нархи ин маводи сӯхтро ронандаҳои Суғд ба рақобати носолим дар бозори дохилӣ рабт медиҳанд. Хабарнигори тоҷик, Алишери Толиб, мегӯяд, "боварнакарданист, ки Русияву Қазоқистон дар як моҳ нархи гази моеъро сад дар сад боло бурда бошанд. Баракс, ба назари ман, ин кори ширкатҳои ангуштшумори воридкунандаи ин навъи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, ки аввал бо поин бурдани нархи як литр гази моеъ то 1 сомониву 80 дирам ронандаҳоро ба насби дастгоҳҳои газ ба автомобили худ ҳавасманд карданд, акнун баъди хеле зиёд кардани мизоҷони худ нархи гази моеъро боло мебаранд."

Ба таъкиди мусоҳибони мо, аз он ки дар ҳоли ҳозир бештари нақлиёти Суғд бо гази моеъ кор мекунад, гарон шудани арзиши гази моеъ болоравии нархи маводи ғизоиро низ дар пай хоҳад дошт. Вале бархе аз тоҷирони марказҳои фурӯши гази моеъ дар Хуҷанд мегӯянд, ширкатҳои ватанӣ ба хотири танг кардани ҷои пой ба воридкунандаи асосии ин маводи сӯхт ба бозори Тоҷикистон, ширкати русии “Газпромнефт”, аввал нархи гази моеи воридотӣ аз Қазоқистонро ба таври сунъӣ поин бурданд. Ҳамин тавр, дар пайи коҳиши воридоти гази моеъ аз ҷониби ширкати “Газпромнафт” арзиши онро дубора боло мебаранд. Ба назари онҳо, агар ин рақобати носолим ҳамин тавр идома ёбад ва воридоти газ аз сӯи ширкати “Газпром”-и Русия ба Тоҷикистон аз сар гирифта нашавад, мушкили норасоии шадиди гази моеъ рафъ нахоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони шӯъбаи нақлиёти ҳукумати Суғд мегӯянд, воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон ба сабаби маҳдуд шудани фурӯши он аз ҷониби кишварҳои содиркунандаи Қазоқистону Русия коҳиш ёфтааст. “Ҳар сол дар ҳамин фасли сол ҳамин тавр гази моеъ камёфт, баъд, боз дастрас мешавад”,-гуфт Қобилҷон Усмонов.

Дар шаҳри Душанбе бӯҳрони гази моеъ барвақт, тақрибан як моҳ пеш сар шуда, ба боло рафтани нархи он то 4 сомонӣ ба як литр ва ҷорӣ кардани фурӯши меъёрии гази моеъ дар бархе марказҳои фурӯш сабаб шудааст.

Бо мо дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳ бошед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG