Пайвандҳои дастрасӣ

Камбуди гази моеъ дар Душанбе рӯз то рӯз бӯҳронитар ва боиси навбатпоии ҳарчи бештари васоили нақлия мешавад.

Назар ба як ҳафтаи қабл нархи гази моеъ дар аксар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар Душанбе то 30 дарсад (%) боло рафтааст. Ҳоло як литри ин маводи сӯхт дар аксар нуқтаҳои хусусии фурӯши гази моеъ 4 сомонӣ ва ҳатто бештар аз он қимат дорад.

Гуфта мешавад, нархи гази моеъ дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳам боло рафта, то 3 сомониву 60 дирам расидааст. Ин дар ҳолест, ки то як ҳафтаи пеш қимати газ дар Душанбе ҳадди аксар то се сомониро ташкил медод. Дар аксар газфурӯшиҳо навиштаҷоти "газ нест" ҳанӯз ҳам овезон аст ва дар нуқтаҳое ҳам, ки ҳоло гази моеъ фурӯхта мешавад, навбатпоии беохир ба назар мерасад. Барои пур кардани мошин бо газ ронандаҳо бояд дар ин нуқтаҳо чанд соат навбат истанд. Навбатҳои тӯлонӣ аксаран дар назди газфурӯшиҳои ширкатҳои бузурги воридкунандаи гази моеъ, назири "Газпром" ва "Фароз" ба назар мерасад.

Дар ин ширкатҳо газ бо нархи нисбатан арзонтар, аз 3 сомону 20 дирам то 3 сомониву 40 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Шӯъбаи Хадамоти зиддинҳисории шаҳри Душанбе ахиран бо ирсоли як муроҷитанома аз ин ду ширкати бузурги фурӯшандаи газ дархост кардааст, ки нархҳоро дар мувофиқа бо Хадамоти ҷумҳуриявии зиддинҳисорӣ муайян ва танзим созанд.

Аммо масъулони ширкатҳои "Газпром" ва "Фароз" мегӯянд, аслан нархҳо дар газфурӯшиҳои хусусӣ бетанзиманду рӯ ба афзоиш доранд ва онҳо бояд таҳти назорати мақомот қарор бигиранд. Корманди яке аз ин ширкатҳо дар сӯҳбат ба мо гуфт, "нисфи нуқтаҳои фурӯши гази шаҳр хусусиянд. Онҳо бояд назорат шаванд. Моро назорат мекунанд, вале касе аз онҳо намепурсад, ки чаро нарх 4 сомонӣ шуд. Мо 4 сомонӣ намефурӯшем. Онҳо бо нархи яклухт газро дарёфт мекунанд."

Аммо ба гуфтаи масъулин, нархи ин навъи маводи сӯхт дар бозор аз сӯи ширкатҳои бузурги воридкунанда таъйин мешавад. Масъулини нуқтаҳои хусусии газфурӯшӣ ҳам мегӯянд, онҳо газро аз ширкатҳои дастраскунанда бо нархи гаронтар қабул мекунанд ва наметавонанд онро бо нархи арзон ба фурӯш гузоранд. Дар ин чанд муддате, ки нархи гази моеъ рӯ ба афзоиш дорад, омилҳои он ба таври мухталиф шарҳ дода мешавад. Аксарият воридоти ками гази моеъ ва истифода аз абзорҳои маъмурӣ барои поён бурдани қимати гази моеъро дар моҳи Рамазон сабаби боло рафтани қиматҳо медонанд. Гурӯҳе ҳам инро як падидаи мавсимӣ ва ё кори дасти худи ширкатҳои бузурги дастраскунанда ба хотири боло бурдани нархи гази моеъ ва ба даст овардани фоидаи бештар арзёбӣ мекунанд.

Вале Мунъим Холиқов, раҳбари шӯъбаи хадамоти зиддинҳисории шаҳрдории Душанбе мегӯяд, омили аслӣ коҳиши содироти гази моеъ аз сӯи кишварҳои истеҳсолкунанда ва афзоиши талабот ба ин навъи маводи сӯхт дар Тоҷикистон аст: "Мо назорат мекунем, ки воридот аз сӯи ширкатҳои бузург дар Душанбе чӣ тавр аст. Ҳарчанд давоми 2-3 рӯз то 800 тонна гази моеъ аз тарафи ин ширкатҳо ба шаҳр ворид мешавад, аммо чун талабот хеле зиёд аст ва бисёр нақлиёт ҳоло аз гази моеъ истифода мекунанд, ин мушкил пеш омадааст."

Камёфт шудани гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт ва ҷаҳиши ҳаррӯзаи нархи он дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир шумори корбарони гази моеъ дар Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ба далели гаронии нархи бензин аксарият талош доранд ё мошини бо газ ҳаракаткунанда бихаранд ва ё дар мошини худ дастгоҳи махсуси истифода аз газро насб кунанд. Бо истифода аз арзонии нархи газ сафи таксиҳои арзон ё се сомонӣ дар шаҳр афзуда буд ва бисёре аз сокинони кишвар ба таксиронӣ бори зиндагии худро сабук мекарданд.

Иқбол, як ронандаи таксӣ мегӯяд, болоравии нархи гази моеъ бештар аз ҳама ба ҷайби онҳо зарба мезанад: "Ҳар рӯз ба камияш то 50 сомонӣ даромад меёфтем. Бо 3 сомонӣ аз як кунҷи шаҳр ба кунҷи дигар бурда мерасондем мардумро. Ҳоло нарх, ки гарон шуд, нархи роҳкиро ҳам, албатта, меафзояд ва мардум дигар аз таксиҳо кам истифода мекунанд ва бо ҳамин мо ҳам аз ин кор мемонем."

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон талабот ба гази моеъ, дар ин авохир боис ба коҳиш ёфтани воридоти бензин ва солярка ба Тоҷикистон шудааст. Воридоти гази моеъ, ки асосан аз Қазоқистон меояд, имсол баръакс 88 фоиз афзуда, ба 44 000 тонна наздик шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG