Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳадафҳои стратегии давлат то куҷо амалӣ шудаанд?


Шариф Раҳимзода,вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Шариф Раҳимзода,вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Мусоҳибаи хабарнигори "Озодӣ" бо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Озодӣ: Аз се ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон:- раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон татбиқи онро дар авлавияти сиёсатҳои худ қарор додааст, кадоме аз онҳо дар ин муддат иҷро шудааст?

Шариф Раҳимзода: Ҳадафҳои стратегие, ки аз тарафи президенти кишвар эълон шудааст, оҳиста-оҳиста татбиқ мешаванд. Барои мисол, яке аз ин ҳадафҳо, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Бубинед, дар давоми ин солҳо чи қадар роҳҳои нав кушода шуданд. Пеш аз ҳама ифтитоҳи роҳ байни Тоҷикистон ва Чин. Ҳоло қисми зиёди молҳо бо ҳамин роҳ вориди Тоҷикистон мешаванд. Ва ҳаҷми умумии тиҷорат байни ин ду кишвар пайваста зиёд шуда истодааст. Роҳи дигари бозшуда дар ин солҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Аз сабаби он мушкилиҳое, ки дар байни мо ва кишвари ҳамсоя эҷод мешаванд интиқоли молу коло дар ин авохир аслан аз ин самт ҳал шуда истодаанд. Имрӯз тоҷирон ва соҳибкорони мо маҳсулоти худро ба воситаи мошин аз ин масир дохили кишвар мекунанд. Ҳамчунин ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ роҳҳои нав ифтитоҳ ёфтанд. Гардиши савдои хориҷӣ бо ин кишварҳо садҳо маротиба афзуд. Имрӯз барои мисол бо пули Панҷи поён аз Эрон, Покистон ва Афғонистон маҳсулот ворид мешавад. Агар мо имрӯз дар ҳамон бунбасти коммуникасионӣ мемондем, ҳоло алоқаи автомобилӣ на танҳо ба чаҳони хориҷ, балки бо қисмати шимолии кишвар ва Бадахшони кӯҳӣ низ надоштем ва табиист, ки мушкилоти мо аз ҳад зиёд мешуд. Имрӯз ҳарчанд роҳи мо аз як тараф баста шуд, хушбахтона аз тарафи дигар мо метавонем иртиботро бо кишварҳои дигар ба роҳ монем ва ҳамкорӣ дошта бошем. Яъне ин аст баромадан аз бунбасти коммуникасионӣ. Дуруст аст, ки мо мехоҳем боз тавассути бунёди пулҳои нав бо Афғонистон алоқаи бештар дошта бошем ва ба тарафи Чин ва Қирғизистон роҳи оҳан бикушоем. Барои иҷрои ин ҳадафҳо бо ин кишварҳо гуфтушунидҳо идома доранд. Лоиҳаҳо ҳам дар ҳоли омодашавӣ ва кор карданд.

Озодӣ: Ба назари шумо тӯли ин муддат ҳадафи дигари давлат, яъне дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ то чӣ ҳад иҷро шудааст?

Шариф Раҳимзода: Дар ин самт ҳам мо ба пешравиҳо нойил шудаем. Хеле корҳо низ ба анҷом расиданд. Ду нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 мавриди истифодаи кишвар қарор гирифтанд. Наздик ба 200 нерӯгоҳи хурд дар тамоми мавзеъи Тоҷикистон сохта шудааст. Барои сохтани нерӯгоҳҳои нав тарҳҳо омода мешаванд. Дар Роғун корҳо давом дорад. Тавлиди нерӯи барқ пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Вале бояд ба назар гирифт, ки бо болоравии иқтисодиёт, бо зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ташкили корхонаҳои нав ва ғайра талабот ба қувваи барқ ҳам меафзояд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе талабот ба нерӯи барқ нисбат ба онки дар давраи шӯравӣ буд, 2-3 маротиба зиёдтар аст. Дар давраи шӯравӣ аҳолӣ метавонист, ки қисми талаботи худро бо газе, ки аз ҷамоҳири ҳамсоя дохил мешуд қонеъ намояд. Аммо имрӯз тамоми талабот тавассути нерӯи барқ таъмин карда мешавад. Аз тарафи дигар, мо мехоҳем, ки нерӯи барқи мо ба худамон бирасад ва зиёдати онро ба берун бифурӯшем. Дар тобистон мо чунин имконият дорем. Дар тобистон зиёда аз 7 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи мо барҳадар меравад. Ҳавзҳои нерӯгоҳҳои мо имкони тавлиди ин миқдори нерӯро дорад, аммо аз онки ҷойи фурӯш надорем, ин миқдор ба ҳаво меравад. Аз соли 2013 лоиҳаи нав КАСА-1000 бо сармоягузории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии гуногун ба маблағи 950 миллион доллар оғоз мешавад. Ва он гоҳ мо имконият пайдо мекунем, ки нерӯи барқи изофии худро ба кишварҳои Афғонистону Покистон бифурӯшем. Дар зимистон бошад аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистону Қазоқистон нерӯи барқи заруриро харидорӣ кунем. Албатта дар ин самт корҳо рафта истодааст ва иҷрои ин ҳама корҳо вақт мехоҳад. Ҳоло мушкил мушкили маблағ нест. Мушкил мушкили вақт ва лоиҳасозиву исботи фоидаоварии онҳост. Барои мисол, ҳамин лоиҳаи “Роғун”, ки ҳоло Бонки ҷаҳонӣ онро омӯхта истодааст ва қарор аст дар соли 2013 онро эълон дорад.

Озодӣ: Ҷаноби вазир, дар мавриди иҷрои ҳадафи сеюм яъне таъмини амнияти ғизоӣ чи гуфта метавонед?

Шариф Раҳимзода: Иҷрои барномаи озуқаворӣ як кори осону содае нест, ки ба ин зудӣ онро ба амал бароварем ва таъмин созем. Агар танҳо зироатҳои барои ғизо назири гандумро кишт намоем, мешавад ба иҷрои ин ҳадаф бирасид. Вале ҳангоми зарурати рушди мутаносиби иқтисодиёт дар самтҳои гуногун, мо бояд ба инобат бигирем, ки масалан дар он ҷое, ки истеҳсоли пахта фоидаовар аст, пахта ва дар ҷое, ки гандум муфид аст, гандумро кишт намоем. Ва вобаста ба зиёд будани аҳолӣ, дар Тоҷикистон он намуди истеҳсолотро ташкил намоем, ки ҳам аз ҷиҳати самаранокиаш муфид аст ва ҳам аз ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо кор. Дар ин самт ҳам истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот зиёд мешавад. Боғоту ангурзорҳои нав мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифтааст. Тавлиди гандум ҳам афзоиш пайдо мекунад. Мувофиқи барномаҳои ҳукумат заминҳои нав аз худ карда мешаванд, заминҳои шӯразор дубора мавриди коркард қарор гирифта ва ба истеҳсол ҳисса мегузоранд. Барои таъмини бозорҳо ҳатто кишоварзонро аз Чин даъват карда ва ба онҳо замин доданд, ки бо технологияи нав ба кишт ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул бишаванд. Масалан дар Ёвон ба онҳо замин доднд, ки дар он ҷуворимакка ва пахта кишт карданд ва ин мавзеъ ҳамчун мавзеъи таҷрибавӣ истифода карда мешавад. Бешак омади кор дар ин самт бо мусоидии обу ҳаво ҳам вобаста аст ва аз инҷост, ки соле хуб ва соле баръакс аст. Аммо дар маҷмӯъ истеҳсолот дар ин соҳаҳо ҳам рӯ ба тараққиёт ва рушд аст. Бо ин вуҷуд, мо дар вақти барномарезӣ бояд ба ҳисоб бигирем, ки кишт ва истеҳсоли кадом навъи маҳсулоти кишоварзӣ дар мо муфид аст ва кадомашро бояд аз хориҷ овард. Барои мисол, он гандуме, ки дар Қазоқистон тавлид мешавад, дар қиёс бо гандуми Тоҷикистон дорои сифати беҳтар аст ва таркибаш ҳам витаминҳои зиёд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG