Пайвандҳои дастрасӣ

"Профсоюз"-и муҳоҷирон


Муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург. Акс аз бойгонӣ

Иттифоқҳои Касаба ё профсоюзи муҳоҷирони кории давлатҳои мушатаракулманофеъ ҳанӯз моҳи январи соли 2007 дар Маскав ташкил шуд ва дар он муҳоҷирони кории Тоҷикистон низ узвият дорад.

Ин созмон дар вазорати адлияи Русия чун созмони ғайридавлатӣ ба таври расмӣ сабти ном шудааст ва ҳоло аз ҳама кишварҳои Шӯравии пешин тақрибан 30 000 муҳоҷири корӣ узви он мебошанд.

Абдулмаҷид Сурхаков-намояндаи ин созмон аз Тоҷикистон мегӯяд, тақрибан 30 дарсади аъзои ин созмонро муҳоҷирони кории Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ононе, ки дар ин созмон узвият доранд, ҳар моҳ як дарсади музди кории худро ҳақи узвият пардохт мекунанд. Дар як сол ин ҳақи узвият на бештар аз 980 рубли русиро ташкил медиҳад.

Дар як мусоҳиба бо Абдулмаҷид Сурхаков нахуст аз вай пурсидам, аъзои Иттифоқҳои Касабаи муҳоҷирон аз чӣ имтиёзҳо бархӯрдоранд ва ба онҳо чӣ кӯмакҳо расонда мешавад?

Сурхаков: Пеш аз ҳама мо аз ҳуқуқи кории онҳо ҳимоят мекунем. Агар онҳо дар ҷойҳои кории худ музди худро дар вақташ натавонанд бигиранд ё агар аз тарафи раҳбари корхона нисбат ба онҳо беадолатӣ мушоҳида шавад, дар он сурат мо ба кӯмаки онҳо мешитобем. Кӯшиш мекунем, музди онҳоро аз корхона рӯёнда ба коргар баргардонем. Ғайр аз ин, мо ҳар моҳ агар зарур бошад то 100-200 кас муҳоҷирони навомадаро ҷамъ мекунем ва семинарҳои маълумотдиҳӣ мегузаронем. Дар ин семинарҳо ба аъзои худ дар бораи қонунҳои мавҷудаи муҳоҷирати Русия ва тағйироту иловаҳои он маълумот медиҳем.

Суол: Чун идораи шумо дар Маскав аст, шумо дар минтақаҳои дигари Русия чӣ тарз ба муҳоҷирон кӯмак мекунед?

Сурхаков: Дар айни замон мо дар Саратов, Маскав, вилояти Маскав ва дар Новосибирску Иркутск намояндагӣ дорем. Дар оянда дар Санкт-Петербург ва шаҳри Рязан ҳам ташкил мекунем. Ҳуҷҷатҳо омода шудаанд. Шӯъбаҳои мо дар маҳалҳо ба муҳоҷирон кӯмак мерасонанд.

Суол: Шумо ёдоварӣ кардед, ки гаҳ-гоҳе миёни кордиҳандагон ва коргарон, яъне муҳоҷирони корӣ барои пардохти дастмузд норизятӣ пеш меояд ва шумо метавонед барои ҳали ин мушкил ба муҳоҷирон кӯмак кунед. Оё ҳамин гуна намунаҳо дар таҷрибаи кории шумо ҳастанд?

Сурхаков: Албатта, ба мо дар бораи пардохт накардани дастмузди муҳоҷирони корӣ аризаҳо зиёд расидаанд. Мо дар давоми соли ахир бештар аз 30 миллион рубли русӣ дастмузди муҳоҷиронро аз корхонаҳо гирифта, ба соҳибонашон баргардонидаем.

Суол: Бештар дар кадом бахшҳо ҳамин гуна норизоятиҳо байни коргар ва кордиҳанда пеш меояд?

Сурхаков: Бисёртар дар ташкилотҳои сохтмонӣ ва дар ташкилдотҳои хидмати умумӣ. Пешхидматҳо ва мисли инҳо.

Суол: Шумо мегӯед, ки фаъолияти шамо танҳо бо муҳоҷирони кории Тоҷикистон маҳдуд намешавад ва ба тамоми муҳоҷирони кории кишварҳои мушатаракулманофеъ тааллуқ дорад, оё шумо мушкилоти муҳоҷирони онҳоро низ баррасӣ мекунед?

Сурхаков: Мо ба ҳар шаҳрванди давлати муштаракулманофеъ, ки узви сомони мо ҳаст ё нест, агар вай аз ин созмон хабар ёбад ва ба мо муроҷиат кунад, ба вай албатта кӯмак мекунем. Ғайр аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба мо муроҷиат кардаанд, ки пул надоранд. Мо ба онҳо кӯмаки молӣ расондаем. Мо барои ин кор дар назди созмони худ фонди махсуси дастгирии муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил кардаем.

Суол: Баъзе муҳоҷирон бештар аз 10-15 сол дар корхонаҳои Русия кор кардаанд ва синну соли онҳо ба нафақа расидааст ё наздик шудааст. Шояд Тоҷикистон натавонад дар танҳоӣ аз Русия ва корхонаҳои он талаб кунад, ки ба ин муҳоҷирон нафақа диҳанд, зеро дар қонунҳояш ҳам ин нукта вуҷуд надорад. Оё созмони шумо, яъне Иттифоқҳои Касабаи муҳоҷирони корӣ дар ин самт ҳам кор мекунад, ки ин муҳоҷирон дар сини пирӣ аз гирифтани нафақа маҳрум нашаванд?

Сурхаков: Масалан, барои нафақа гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон бояд байни Фонди нафақаи Тоҷикистон ва Фонди нафақаи Русия созишномаи давлатӣ ба имзо расад. Соли 2004 байни ин ду кишвар созишномае ба имзо расида буд барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон. Ман ҳангоми таҳияи ин созишнома узви гурӯҳ будам ва дар яке аз моддаҳои он омадааст, ки барои ба танзим даровардани нафақа ва масъалаҳои дигари марбут ба муҳоҷирони корӣ, бояд созишномаи нави байнидавлатӣ ба имзо ва ба тасвиб расад. Лоиҳаи ин созишномаро ҳоло ҳар ду тараф таҳия мекунанд. Мумкин аст моҳҳои наздик ин созишнома имзо шавад.

Суол: Ҳамин гуна созишнома байни Русия ва кишварҳои дигари мушатаракулманофеъ вуҷуд дорад?

Сурхаков: То имрӯз нест. Лекин як нуктаи дигар муҳим аст. То моҳи январи соли 2012 ягон корхонаи Русия барои фонди нафақаи муҳоҷирони корӣ маблағе ҷудо намекард. Ҳоло тибқи қонуни нав ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, аз ҳисоби музди дастмуздашон ба фонди нафақа пул мегузаронанд. Ин маблағ пули худашон аст ва аз ҳисоби дастмуздашон нигоҳ дошта ба ҳамон фонд гузаронда мешавад. Мутаассифона, аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд ва онҳо чунин ҳақро надоранд. Кордиҳандагон вақти ба кор гирифтан намехоҳанд онҳоро қонунӣ ба кор қабул кунанд. Қарордод байни кордиҳанда ва коргар вуҷуд надорад, барои ҳамин кордиҳанда намехоҳанд худро пойбанд кунад. Агар дар ин бора созишномаҳои байнидавлатӣ қабул шавад, дар оянда танзими нафақаи шаҳрвандонро дар назар гирифтан мумкин аст.

Суол: Оё тахмин зада метавонед, ки ҳамин созишномаи байни Русияву Тоҷикистон кай таҳия мешавад ва ба имзо мерасад?

Сурхаков: Рости гап, мо порсол ба номи Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Милии Тоҷикистон ва ба номи вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Тоҷикистон дар ин бора нома фиристода будем. Мувофиқи маълумоте, ки ба мо аз Тоҷикистон доданд, ин созишнома таҳия шудааст ва барои баррасӣ онро ба баъзе вазоратҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон фиристодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG