Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори падарони шонздаҳсола дар водии Вахш


Дар баъзе маҳалҳои водии Вахш шумораи падароне, ки аз фарзандони худ ҳамагӣ 16-18 сол бузургтар ҳастанд, кам набудааст.

Деҳаи ба номи "Иттифоқ"-и ноҳияи Бохтар ҳудудан 150 хоҷагӣ дорад ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ба оғози тамоюле дар ин деҳ сабаб шудааст, ки аксари волидон барои писари 15-16-солаи худ арӯс меоранд. Агар як сабаби издивоҷи бармаҳал эҳсоси хатар ба амнияти наврасон, бемактабӣ ва надоштани шароит барои таҳсил ва шуғл, ҷилавгирӣ аз косташавии ахлоқи бачаҳои деҳот унвон шавад, аз сӯи дигар волидон ба ин васила мехоҳанд писаронашонро дар канори худ нигоҳ доранд, то дар оянда онҳоро парасторӣ кунанд.

Агар нафаре Шералӣ ва Шарофиддинро якҷоя бубинад, ҳеҷ бовар нахоҳад кард, ки онҳо падару писар ҳастанд. Фосилаи умри онҳо ҳамагӣ 16 сол аст ва зоҳиран онҳо ба акаву додар монанданд. Шералӣ, сокини 41-солаи ин деҳ, аз ҷумлаи онҳоест, ки дар наврасияш, замоне, ки тоза синфи 9-уми мактабро хатм карда буд, бо духтари 14-сола издивоҷ намудааст. Пас аз як сол онҳо соҳиби писар шуданд, ки ҳоло ба синни 25 расидааст.

Шералӣ мегӯяд, бо ҳамсараш ба дарки нигоҳубину тарбияи фарзанд намерафтанд ва масъулияти парастории тифлони ин ҷуфт ба дӯши модаркалонаш буд. Аммо ҳоло Шералӣ намехоҳад, писараш базудӣ зан бигирад, зеро ба иддаои ӯ, "замона дигар шуда" ва фарзандаш ҳарчанд ба балоғат расида, ба зиндагии мустақил омода нест. "Бигузор дар муҳоҷират мисли ман азоб кашад, пухта шавад, ба қадри зану зиндагӣ расад, маблағи тӯяшро кор кунад, баъд оиладор хоҳад шуд",- афзуд Шералӣ.

Дар ҳамин ҳол, Зафар Ғаниеви 33-сола, пизишке аз дармонгоҳи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар, мегӯяд, ӯ низ бо амри волидон дар синни 15-солагӣ бо духтари наврасе издивоҷ кардааст. Аммо, ин оилаи ҷавон дер напоида, пас аз тавлиди фарзанд, аз ҳам ҷудо шудааст. Вай гуфт, "мардон, албатта, барои парасторию тарбияи фарзанд омода буда наметавонад дар ин синнусол. Ман тайёр ҳам набудам дар оиладорӣ. Вақте фарзанддор шудам, ки нав мактабро хатм карда будам. Баъд аз ду моҳи фарзанддор шудан, оилаамон вайрон шуд. Аммо фарзандам, ки шашмоҳа зода шуда буд, даргузашт. Шояд аз бетаҷрибагии мо. Ҳеҷ дарак надоштам, ки ҳаёту фарзанддорӣ чист. Дар воқеъ, шояд ҷисман дар 16-солагӣ духтар омодаи издивоҷ шавад, аммо писарбача не."

Пас аз талоқ Зафар шомили донишгоҳи тиббӣ гардида, онро бомуваффақият хатм карда, дубора оиладор шудааст. Ҳоло ӯ соҳиби 9 фарзанд аст. Зафар, ки ҳамагӣ 33 сол дорад, мегӯяд, ба парасторӣ ва тарбияи фарзанд акнун омода аст ва мехоҳад, шумораи фарзандонаш бештар аз 9 нафар бошад.

Саидисмоил Сатторзода, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, дини ислом издивоҷи бармаҳалро нодуруст намешуморад, аммо шарт ин аст, ки ҷавонон ҷисман ва рӯҳан омодаи оиладорӣ бошанд: "Чӣ бачаҳо бошанд ва чӣ духтарон, дар синни 16-солагӣ ҳанӯз омодаи оиладорӣ нестанд. Ин синну сол аслан ибтидои балоғат аст. Ин ибтидои гузариш аз кӯдакӣ ба наврасию ҷавонист. Мо ин гуна издивоҷро аз рӯи фаросату ақл ҳам иҷоза намедиҳем. Хубтар аст, ин айёми наврасӣ бо омӯхтани илму ҳунар, таҳсил дар мактабҳои олӣ сипарӣ шавад."

Вале ҷомеашиносон мегӯянд, издивоҷи бармаҳал ва ноомодагии ҷавонон ба оиладорӣ яке аз сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳо мебошад. Аз нигоҳи Саидраҳмон Назриев, ҷомеашиноси маҳаллӣ, дар шароити музофот аксари волидон овардани арӯс ба хонадонро ба унвони чангак истифода мекунанд. Яъне писари худро, ки ба хатми мактаби миёна наздик шуд, ба хотири он ки падару модарро раҳо накунад, ё ба муҳоҷирати корӣ рафта, бедарак нашавад, зудҳангом оиладор мекунанд, то ба бозгашт ба хонадони падар моил бошад.

Бо ин вуҷуд, ки мардони барвақт издивоҷкарда дар тарбияи фарзандон ва таъмини иҷтимоии хонавода зиёд азият кашидаанд, баъзеяшон мехоҳанд писарашонро ҳам бармаҳал оиладор карда, «қарзи падарӣ»-и худро аз сар соқит кунанд.

Тибқи кодекси оилаи Тоҷикистон, шаҳрвандон танҳо пас аз расидан ба 18-солагӣ ҳуқуқи бастани ақди никоҳро пайдо мекунанд. Аммо, ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки падару модарон барои фарзандони ноболиғи худ шиносномаҳои тақаллубӣ сохта, синни онҳоро бузургтар нишон медиҳанд, то ки никоҳи онҳоро мақомоти давлатӣ сабтином кунанд.
XS
SM
MD
LG