Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳе қабл омӯзгорони яке аз мактабҳои ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мавриди пурсуҷӯву кашмакашҳои шадиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд.

Сабаб издивоҷи бармаҳали яке аз хонандаҳои мактаб будааст, ки ба гуфтаи омӯзгорон, бидуни огоҳии онҳо, бармаҳал аз сӯйи волидайн ба шавҳар дода шуд.

ЯК ҚИССАИ ИЗДИВОҶИ БАРМАҲАЛ...

Як омӯзгори ин мактаб, ки нахост худро муаррифӣ кунад қисса мекунад, ки волидони хонанда баъди хатми синфи 9 бо баҳонаи идомаи таҳсил дар омӯзишгоҳ, ӯро аз мактаб фаро хонда бо таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ хонадор кардаанд. Вале баъди ошкор шудани ин ҳодиса, бо ҳадафи гурез аз муҷозот, хонаводаҳои домоду арӯси ноболиғ, муваққатан то ба синни издивоҷ расидани духтар, онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд.

Домод ба Руссия меравад ва арӯс ба хонаи падар баргаштаву дар яке аз омӯзишгоҳҳо ба таҳсил шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи омӯзгор, ин ҳодиса аз ягона мавориди издивоҷи бармаҳали хонандагони ноболиғи мактаб нест, ки дар ин авохир сурат гирифтааст: «Ду хонандаи дигарро ҳам баъди ошкор шудани издивоҷашон, дубора ба мактаб баргардонданд. Якеаш ба хонаи падар баргашта дар синфи 11 имтиҳон супорид. Бисёранд чунин ҳодисаҳо ҳоло ҳам. Сад роҳу ҳила доранд волидон, мебаранд як справка аз Суғд аз ё аз шаҳр мегиранду ба шавҳар медиҳанд.»

АФЗОИШИ МАВОРИДИ ИЗДИВОҶҲОИ БАРМАҲАЛ

Ин чанд ҳодисае, ки омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мисол овард, дар ҳамин 2-3 моҳаи ахир ва он ҳам пас аз як сол боло бурдани синни издивоҷи духтарон ошкор шудааст.

Соле қабл президенти Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз никоҳҳои бармаҳал ва аз ҳампошии хонаводаҳо, синни никоҳро барои духтарон як сол аз 17 ба 18 боло бурд ва он сар аз оғози соли равон мавриди амалӣ қарор гирифт. Аммо бо ин вуҷуд, ба хусус дар манотиқи рустоии кишвар, мавориди издивоҷи бармаҳал ва иҷбории духтарон дар 14-15 солагӣ ҳамоно чашмрас будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ҳам зимни суханронӣ ахираш дар рӯзи кӯдакон дар баробари ёдоварӣ аз дигар мушкилоти хурдcолону ноболиғони кишвар, ҳамчунин аз густариши издивоҷҳои иҷбории духтарони ноболиғ интиқод карда таъкид намуд, ки волидон набояд ба таҳсили кӯдаконашон баъди анҷоми синфи нӯҳ монеъ шаванд.

ҚОНУН ҚАБУЛ ШУД, ШИКОЁТ КАМ НАШУДААСТ

Зебо Шарипова, як масъули созмони «Лигаи занони ҳуқуқшинос» мегӯяд, баъди аз 18 солагӣ муқаррар шудани синни издивоҷ ҳам, муроҷиату шикоёти духтарон марбут ба издивоҷи иҷбориву бармаҳал ба онҳо кам нашудааст.

Ӯ мегӯяд: «Дар мавриди ин, ки бо кадом роҳ ғолибан духтарони қабл аз синни никоҳ ба шавҳар дода мешаванд, албатта бо ҳамон роҳҳое, ки қаблан ҳам ин ҳодисаҳо сурат мегирифтанд, Аксаран волидон омодаанд ҳатто бе ба расмият даровардани никоҳ фарзандони худро ба шавҳар диҳанд. Ҳарчанд ҳоло тибқи қонунгузории кишвар, муллоҳо бояд никоҳи шаръии ҷавононро танҳо пас аз сабти никоҳи шаҳрвандӣ анҷом бидиҳанд, аммо дар навоҳии дурдасти кишвар муллоҳо метавонанд никоҳи исломиро бидуни ягон санади расмӣ ҳам анҷом диҳанд. Аз рӯи мушоҳидаи мо, бештар духтарон дар синни 16 ҳанӯз мактаби миёнаро пурра хатм накарда издивоҷ намудаанд.»

"... ДУХТАР КАМХАРИДОР МЕШАВАД"

Аз сӯйи дигар, ба қавли бархе коршиносон, ҳоло бо як ё ду сол бузургтар нишон додани синни духтарон дар шиноснома, онҳоро водор ба издивоҷ мекунанд. Ба ин тартиб гуфта мешавад амалишавии қонуни нави синни издивоҷро, тавре ҳам аз қабл ҳадс зада мешуд, маҳз мушкилоти иқтисодӣ ва тангдастии хонаводаҳо мушкил кардааст. Зеро дар чунин шароит ва бо ин ақида, ки бо боло рафтани синни духтар ӯ камхарид мешавад, аксаран волидон талош мекунанд духтаронашонро қабл аз сини никоҳ, ба шавҳар диҳанду ба оилаи дигар гусел кунанд.

Зебо Шарипова, ҳуқуқшиноси созмони «Лигаи занони ҳуқуқшинос» мегӯяд: «Ҳоло ҳам вақте духтарони иҷборан ба шавҳар дода шуда ба мо муроҷиат мекунанд, аксарият мегӯянд, волидони мо имкони хонондану соҳибмаълумот кардани маро надоштанд. Ва аксаран чунин духтарон аз хонаводаҳои серфарзанду камбизоатанд, ки хеле бармаҳал ва ба афроди аз худ калон ба шавҳар дода мешаванд.»

"ДУХТАР МОЛИ МАРДУМ АСТ"

Дар ҳамин ҳол ба андешаи Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори тоҷик ҳанӯз ҳам бархе аз волидон ба таъбири маъмулие, ки духтар моли мардум аст ва ба хотири бо обрӯ оиладор кардани духтарон, онҳоро дар синне оиладор мекунанд, ки аслан омода нестанд. Хонум Ҳумайро дар мавриди соҳибмаълумот кардани фарзандон дар хонаводаҳо мегӯяд, ин имтиёз бештар ба писарон дода мешавад: «Ин андешаронӣ, ки духтар бояд ҳатман то 17 солагӣ ба шавҳар барояд, дар акси ҳол ба мушкил дучор мешавад. Боз як сабаби дигари иҷро нашудани қонун ба фикри ман дар ин аст, ки худи мансабдорон қонунро қабул мекунанд ва аз дигарон риояи онро талаб мекунанд, вале худи ҳамонҳо то ҷое ман хабар дорам, духтарҳои худро дар сини поинтар аз ин қонун ба шавҳар медиҳанд.»

Омори дақиқ роҷеъ ба ошкор шудани ҳодисаҳои марбут ба издивоҷи бармаҳал ва ба муҷозот кашида шудани волидон баъд аз тағйирот дар кодекси оилаи Тоҷикистон ва як сол боло бурдани сини никоҳ ҳоло вуҷуд надорад.

ҚОНУН КОРСОЗ ШУДААСТ

Аммо масъулини кумитаи кор бо занон, ниҳоде ки нахустин шуда бо пешниҳоди боло бурдани синни издивоҷи духтарон ба ҳукумати кишвар муроҷиат карда буд, мегӯянд ба ҳар сурат дар 6 моҳи ахир бо қабули ин қонун, вазъ то ҷое тағйир кардаву бархе волидон акнун аз издивоҷи бармаҳали духтаронашон худдорӣ мекунанд.

Саодат Мӯъминова як масъули кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар мегӯяд: «Натиҷаи ин тағйиротро мо оҳиста оҳиста дар тӯли солҳои наздик метавонем беҳтар эҳсос кунем. Аммо ҳоло ҳам мушоҳида мешавад, ки аллакай мардум метарсанд, ки духтари ноболиғи худро ба шавҳар диҳанд ва аллакай андеша мекунанд. Яъне вазъ мисли пешин нест ба ҳар ҳол.»

50 ҲАЗОР ДУХТАРИ АЗ ТАҲСИЛ ДАР КАНОРМОНДА?!

Тибқи иттилои вазорати маорифи кишвар, дар соли 2010 беш аз 50 ҳазор хонанда ба хусус духтарони синни мактабӣ аз таҳсил дар канор мондаанд. Аксаран гуфта мешавад ин духтарон бо талаби волидон, бидуни ягон маълумот ва омодагиву огоҳӣ аз маърифати оиладорӣ издивоҷ мекунанд ва ғолибан ҳамин як омили ба зудӣ аз ҳам рехтани оилаҳои ҷавон мешавад, ки солҳои ахир масъулини кишварро ба ташвиш овардааст.

Ҳумайро, мусоҳиби ҷавони мо бар ин аст, ки барои бунёди оилаи солим ҳатман бояд издивоҷи духтарон аз 20 солагӣ муқаррар шавад, то духтарон ҳам дар баробари писарон тавонанд соҳиби маълумот шаванд ва фардо дар шебу фарози зиндагӣ роҳгум назананду тавонанд аз худ дифоъ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG