Пайвандҳои дастрасӣ

Иди асалу сайри харбуза, ки зоҳиран ба идҳои муҳиме дар Тоҷикистон табдил шудаанд, рӯзи 2-юми сентябр кишоварзону асалпарварони бархе аз манотиқи кишварро дар Душнабе гирди ҳам овард.

Дар ин рӯз дар бозорҳои «Шоҳмансур»-у «Қарияи боло» ҷашнвораи «Иди асал ва сайри харбуза-2012» баргузор шуд. Тавре мушоҳида кардем, сокинону меҳмонони пойтахт бештар ба харбуза таваҷҷӯҳ доштанд ва онро харидорӣ мекарданд. Чунки дар ин авохир нархи сабзавот, аз ҷумла тарбузу харбуза дар бозорҳои пойтахт дар муқоиса ба солҳои пеш ба маротиб гаронтар шудаааст.

Муҳиддин Солиев, як сокини пойтахт, ки ба тозагӣ аз муҳоҷират аз Русия баргаштааст ва аз бозори «Шоҳмансур» харбуза харидорӣ мекард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, «дар Русия будем, мегуфтем, ба ватан равем баъд шикамсерӣ харбузаву тарбуз мехӯрем. Аммо дар ин ҷо, нархи харбуза аз Русия дида гаронтар аст. Ҳол он ки Тоҷикистон кишвари кишоварзист ва нархи сабзавот бояд арзон бошад.» Дар ҷашнвораи «Иди асал ва сайри харбуза-2012» дар Душанбе танҳо аз 14 навоҳии вилояти Суғд зиёда аз 70 тонна навъҳои гуногуни харбуза ба бозорҳо ворид шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, ин миқдор харбуза дар ду бозори пойтахт то нимаи аввали рӯз ба фурӯш рафтааст.

Бархе аз созмондиҳандагони ин намоиш гуфтанд, ки дар оғоз баъзе аз тоҷирон аз нархи арзони харбузаҳо сӯистифода карда, як миқдор харбузаро яклухт барои фурӯши дубора харидорӣ кардаанд. Файзуллоҷон Дадоҷонов, раҳбари сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, гуфт, «баъдан ба ҳамаи мутасаддиёни намоишгоҳ супориш додем, ки ба ҳар як шаҳрванд яктоӣ харбуза фурӯшанд, то ба миқдори бештари мардум харбуза расад.»

Лозим ба ёдоварист, ки ду ҳафта қабл дар арафаи анҷомёбии моҳи шарифи Рамазон гаронии нархи тарбуз дар бозори маҳаллаи 103-юми пойтахт бархе аз харидоронро ба шӯр оварда, боиси кафидани даҳҳо тарбузи як тоҷир шуд. Моҷарои мазкур шоми 16-уми август, дар ҳоле сар зада буд, ки тоҷири бозор талаби як харидорро барои поён бурдани нархи тарбуз рад кард.

Гаронии нархи тарбузу харбузаро савдогарони бозор ба тоҷирони афғон рабт медиҳанд ва мегӯянд, онҳо аксарияти маҳсулоти деҳқонони ҷануби Тоҷикистонро харидорӣ карда ба кишвари худ бурдаанд. Аммо дар ҳамин ҳол, Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ содироти тарбузу харбуза аз Тоҷикистон ба ягон кишвари дунё ба қайд гирифта нашудааст, балки аз Покистон ба Тоҷикистон ба 14 ҳазор доллар тарбуз ворид шудааст.

Аммо огоҳони умури кишоварзӣ мегуянд, дар яке аз ду ноҳияҳои умдатан сабзавоткори Тоҷикистон - Қумсангир бинобар боришоти зиёд аз палакҳои тарбузу харбуза ҳосили дилхоҳ рӯёнда натавонистанд. Бинобар ин, аксарияти тарбузу харбузае, ки дар бозорҳои Душанбе ба фурӯш гузошта шудааст, аз ноҳияи Мастҷоҳи вилояти Суғд аст. Аммо чун тоҷирон маҳсулотро аз ин ноҳия тариқи роҳи пулакии ширкати IRS вориди пойтахт мекунанд, ба ҳисоби ҳар як дона тарбуз як сомонӣ зам мешавад.

Дар қатори харбуза имрӯз дар бозорҳои пойтахт занбӯрпарварон низ дастранҷи худро пешкаши харидорони пойтахт карданд. Тӯхтамурод Сатторов, занбӯрпарвар аз ноҳияи Турсунзода, дар суҳбат бо мо гуфт, ба ин намоиш 500 килограмм асалро ба фурӯш гузоштааст: “Мо як килограмм асалро бо нархи 30 сомонӣ ба фурӯш гузоштаем, ки аз нархи бозор 10-15 сомонӣ арзон аст. Гуфтаниям, тайи чанд соли охир мо занбӯрпарваронро аз тамоми намуди андозҳо озод карданд, ки ин моро барои бештар истеҳсол кардани асал ҳавасманд мекунад.” Таҷлили “Иди асал ва сайри харбуза” чанд соли пеш аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд ва то ҳол ин ид дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар таҷлил мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG