Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарое, ки барои нархи тарбуз сар зад


Гаронии нархи тарбуз дар бозори маҳаллаи 103-шаҳри Душанбе бархе аз харидорони ин бозорро ба шӯр оварда, бо кафондани даҳҳо тарбузи як тоҷир мунҷар гардид.

Нуриддин, яке аз шоҳидои ин ҳодиса мегӯяд, моҷарои мазкур шоми 16--уми август, дар ҳоле сар зад, ки тоҷири бозор талаби як харидорро барои поён бурдани нархи тарбуз рад кард. Ин харидор, ки барои таҷлили Иди Фитр харид мекард, нархи тарбузе, ки 15 - 20 сомонӣ арзиш дошт ба хашм овард.

Нуриддин ҳодисаро чунин нақл мекунад: «Маълум буд,ки ин мард худ рӯзадор аст ва як кам асабонӣ ба назар мерасид. Ӯ ба фурӯшандаи тарбуз гуфт, ки нархро арзонтар кунад, вале фурӯшанда бо дағалӣ хоҳи гир, нахоҳӣ не гуфта посух дод, ин мард якбора ба ғазаб омада тарбузро ба замин зад ва ҷанҷол бардошт. Дар ин лаҳзаҳо дар гирду атрофи фурӯшанда дигар харидорони бозор ҳам ҷамъ шуда буданд ва якбора ба кафондани тарбузҳо сар карданд. Фурӯшанда бошад дигар худро гум карда мегуфт, эй мардум чӣ кор мекунед ман ин тарбузҳоро бо нархи қиммат харидаам. Баъд, дигар фурӯшандаҳо низ дар миён даромаданд ва мардум пароканда шуданд.»

Ба гуфтаи Нуриддин, харидорони норизо ҳудуди 30 тарбузи тоҷирро ба замин задаанд. Як фурӯшандаи дигари ин бозор, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, дирӯз воқеан як тоҷир даҳҳо тарбузи зарардидаашро ба партобгоҳ ҳавола додааст.

Дар ҳамин ҳол аксари мусоҳибони мо дар ин бозор аз баланд будани нархи маҳсулот шикоят кардаанд. Мадина яке аз онҳо, аз ҷумла гуфт: «Ҳафтаи гузашта низ тариқи шабакаи телевизионӣ ин бозорро барои баланд будани нархи маҳсулот аз қабили картошкаву пиёз ва дигар меваву сабзавот зери танқид гирифта буданд.»

Дар растаҳои бозор ба осонӣ дида мешуд, ки харидорон бо шунидани нархҳо изҳори нороҳатӣ мекарданд ва бо фурӯшандагон вориди баҳс мешуданд. Муҳаммадӣ, яке аз харидорон мегӯяд, бо моҳонаи 233 сомонӣ намедонад дастархони идонаи худро чӣ гуна фароҳам орад: «Як кило ангури сиёҳ 15 сомонӣ аст, боз шохашро бардорӣ ҳамааш мерезад. Ягон майда инсоф намондааст. Баҳонаи фурӯшандаҳо тайёр аст, мегӯянд худамон қимат мехарем. Дигар ноилоҷ мемонем. Худам маҷбур шудам барои гузаронидани ид пул қарз гирам.»

Бархе аз коршиносон мегӯянд, талошҳои мақомот барои назорат ба нархҳо сабаб шуд, ки тоҷирон аз баровардани моли худ ба бозор худдорӣ кунанд ва дар натиҷа мавод камчин ва қимат шуд. Ҳакими Даврон, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд:

«Чунин усули пешгирифтаи шаҳрдорӣ метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад. Зеро бо муайян кардани ҷазои маъмурӣ тоҷир метавонад аз фурӯши молаш худдорӣ намоянд ва ин равнад камбуди молро дар бозор ба вуҷуд меорад. Камбуди мол бошад боиси гаронии нарх мешавад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ бояд аз фишангҳо ва аз меъёрҳои бозорӣ истифода кард то нархҳо дар бозор пойин бурда шавад. Масалан маъмурияти шаҳр сохторҳои худро дорад. Аз ҷумла корхонаи воҳиди давлатиие,ки ба хариди молумаҳсулот машғул аст. Онҳо метавонанд бевосита аз деҳқонон тарбузу харбузаро харидорӣ карда, дар бозор бо нархи ба фурӯш бароранд. Дар ин сурат рақобат ба вуҷуд омада, нархо низ пойин хоҳанд омад.»

Норозигӣ аз нархҳо дар ҳоле аз худ хабар медиҳад, ки ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ талош доранд, молро дар бозор бештар кунанд. Чунончӣ, иттиҳодияи “Тоҷикматлубот” дар мавсими имсола наздики 4 ҳазор тонна меваю сабзавоти зудрасро ба бозорҳо ворид кардааст, ки 700 тонаашро тарбузу харбуза ташкил додааст.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, онҳо ба ҳангоми харидории ин маҳсулот аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бар болои нархи харидашуда танҳо 20 дарсад илова мекунанд, ки ба хотири бароварда кардани хароҷоти роҳу нақлиёт аст. Ҳамчунин мева ва сабзавот аз хориҷи кишвар низ ворид карда мешавад ва коршиносон мегӯянд, ба бозор бароварда шудани ҳамаи он метавонад нархҳоро то андозае коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG