Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз чаҳор бозии Лигаи олии Тоҷикистон ба таъхир афтод


Федератсияи футболи Тоҷикистон боз чор бозии мусобиқаи Лигаи олиро ба мӯҳлати дигар гузаронид.

Ин тасмим бо мақсади омодагӣ ва ширкати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии байналмилалии дӯстона бо тими миллии Қатар, ки 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мешавад, гирифта шуд.

Бар асоси Регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон чор бозӣ - № 77 «Регар-ТадАЗ» - «Равшан» аз 8-ум ба 26-уми сентябр, № 94 «Хайр» - «Регар-ТадАЗ» аз 17-ум ба 19-уми сентябр, № 96 «Энергетик» - ССКА «Помир» аз 17-ум ба 25-уми сентябр, № 97 «Равшан» - ССКА «Помир» аз 22-юм ба 21-уми сентябр гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш се бозӣ - №84 «Равшан» - «Хуҷанд» - аз 1-уми сентябр ба 31-уми август, №90 «Зарафшон» - «Истиқлол» - аз 8-уми сентябр ба мӯҳлати дертар ва №95 «Истиқлол» - «Хуҷанд» - аз 17-уми сентябр ба мӯҳлати дертар гузошта шуда буд.

Инчунин бо тасмими ФФТ бозиҳои ½ финалии Ҷоми Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои зерин баргузор мешаванд:

Бозиҳои аввал:

1. «Энергетик» - «Истиқлол», 12-уми сентябр, соати 16.00

2. «Гвардия» - «Регар-ТадАЗ», 12-уми сентябр, соати 16.00

Бозиҳои ҷавобӣ:

3. «Регар-ТадАЗ» - «Гвардия», 15-уми сентябр, соати 15.30

4. «Истиқлол» - «Энергетик», 17-уми сентябр, соати 15.30
XS
SM
MD
LG