Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати нозирони доварони тоҷик дар давраи бозомӯзии ФИФА


Се нафар нозирони доварон аз Тоҷикистон дар давраи бозомӯзии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) дар Шри-Ланка ширкат хоҳанд кард.

Давраи бозомӯзии нозирони доварон FUTURO-3 аз 3-юм то 8-уми сентябр дар пойтахти Шри-Ланка - Коломбо баргузор мешавад. Ҳамоҳангсози ин лоиҳа ФИФА маҳсуб мешавад. Дар доираи баргузории ин давра нозирон ба машғулиятҳои амаливу назариявӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Тоҷикистонро дар ин давраи бозомӯзӣ Абдураҳим Бобоев (аз шаҳри Турсунзода), Сафармаҳмад Шоймардонов (аз ноҳияи Хуросон) ва Рустам Абдуллоев (аз Душанбе) намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба ғайр аз намояндагони Тоҷикистон дар Коломбо нозирони доварон аз Афғонистон, Шри-Ланка, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Эрон, Қирғизистон, Молдив, Непал, Покистон ва Туркманистон ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG