Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Лондон


Дар шаҳри Лондон дар як маросими бошукӯҳ Элизавета, маликаи Бритониё, аз оғози бозиҳои паралимпӣ эълом дод.

Маликаи Бритониё дар ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ, ки рӯзи 29-уми август сурат гирифт, гуфт, “ман оғози бозиҳои паралимпии соли 2012 дар Лондонро эълом мекунам”. Бозиҳои паралимпӣ умдатан баъд аз бозиҳои олимпӣ баргузор мешавад ва дар он варзишгарони маълул, аз ҷумла нобиноён ва афроди бе даст, ё пой нерӯ меозмоянд.

Себасятн Ко, мудири кумитаи баргузории бозиҳо гуфт, “омодаи илҳом гирифтан, тасхир шудан” бошед. Филип Гравен, раиси Кумитаи Байналмилалии паралимпӣ, бозиҳои 11-рӯза дар Лондонро “намоиши нерӯи рӯҳи инсон” хонд, ки ба гуфтаи ӯ “қодир ба дигар кардани ҳар яки мост.”

Машъали олимпиро хонуми бритониё Маргарет Моген, фурӯзон кард, ки нахустин барандаи нишони тиллои бозиҳои паралимпӣ дар шаҳри Рум дар соли 1960-ум аст. Пештар аз ин, варзишгарони маълул дар варзишгоҳи олимпии Лондон роҳпаймоӣ карданд. Стивен Ҳоукинг, донишманди маъруфи Бритониё, ки солҳои тӯлонии умрашро дар аробаи маъюбӣ сипарӣ кардааст, дар маросими ифтитоҳи бозиҳо нақши муҳимеро иҷро кард.

Дар Бозиҳои Паралимпӣ дар Лондон 4200 варзишгари маълул, аз ҷумла нобиноён ва афроди бедаст ё пой аз 166 кишвар ширкат мекунанд. Дар ин бозиҳо Парвиз Одинаев вазнабардори тоҷик ҳам рақобат хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ варзишгарони маълул дар 20 навъи бозиҳо, аз ҷумла баскетбол бо аробаҳои маълулӣ, шино, пойгаҳ нерӯ меозмоянд. Рақобатҳо аз имрӯз, 30-юми август, шурӯъ шуда ва то 9-уми сентябр идома мекунанд. То кунун бештар аз 2 миллион 400 ҳазор билети бозиҳои имсола фурӯхта шудааст. Дар бозиҳои паралимпии соли 2011-ум дар шаҳри Пекин, Чин 211 медал ба даст оварда мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҷойи дувум бо 102 медал насиби Бритониё гардида буд.
XS
SM
MD
LG