Пайвандҳои дастрасӣ

29 август - ифтитоҳи Бозиҳои XIV паралимпӣ дар Лондон


Парвиз Одинаев, варзишгари маълул, Тоҷикистонро дар бозиҳои паралимпии Лондон намояндагӣ мекунад.

Парвиз Одинаев, варзишгари маълул, Тоҷикистонро дар бозиҳои паралимпии Лондон намояндагӣ мекунад.

Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ аз 29-уми август то 9-уми сентябр дар Лондон баргузор мешаванд.

Дар ин бозиҳо 4200 варзишгар аз 160 кишвар дар 20 намуди варзиш барои 503 маҷмӯи ҷоизаҳо талош хоҳанд кард.

Парвиз Одинаев танҳо варзишгари маълул аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии соли 2012-ум дар Лондон намояндагӣ мекунад. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар риштаи пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ дар рақобатҳо дар вазни 75 кило бо натиҷаи 195 килограмм мақоми дувумро касб карда, соҳиби роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон гардидааст.

Парвиз Одинаев, ки соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, донишҷӯи факултаи молияву қарзи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад. Ӯ барои дувумин бор ба Паралимпиада роҳхат гирифтааст. Вай аввалин бор соли 2004-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Афинаи Юнон ширкат карда буд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ дар Лондон бо шумули чаҳор нафар - Сафар Боев, раиси Федератсияи варзишгарони маълули Тоҷикистон, Абдурауф Алимов, дабири кулли ин федератсия, Парвиз Одинаев, варзишгар ва Олим Парпиев, мураббӣ, ширкат мекунад.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки як ҳафта пеш ба Лондон омад, дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад. Дар ин ҷо Парчами миллии Тоҷикистон дар баробари парчамҳои кишварҳои дигар барафрохта шудааст.
Сафар Боев, раиси Федератсияи варзишгарони маълули Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз соли 2004-ум барои севумин бор аст, ки дар Паралимпиадаи тобистона ширкат меварзем. Соли 2004-ум дар Афинаи Юнон як варзишгар, ин ҳам бошад, Парвиз Одинаев Тоҷикистонро намояндагӣ карда буд. Ӯ дар навъи пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ бо натиҷаи 147 килограмм ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буд. Соли 2008-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Пекин 2 нафар – Зайтуна Розиқова ва Хайруллоҳ Абдураҳимов дар риштаи вазнабардорӣ иштирок доштанд, вале ягон ҷоиза ба даст наоварданд. Ин дафъа дар Паралимпиадаи Лондон як нафар соҳиби роҳхат гардид. Мутаассифона, ба иллати набуди маблағ мо натавонистем варзишгаронамонро ба мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ сафарбар намоем, то ки барандагони роҳхатҳои олимпӣ шаванд. Ва ё дар чунин мусобиқот ҷойҳои то 10-15-умро гирифта, бо квота дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат намоянд. Ҳарчанд мо имкон доштем, ки 6 нафарро барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ сафарбар намоем.”

Маросими кушоиши Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ дар Лондон рӯзи чоршанбе, 29-уми август баргузор мешавад. Дар ин маросим Парвиз Одинаев парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои XIII тобистонаи паралимпӣ соли 2008-ум дар Пекин беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвари олам дар 20 риштаи варзиш рақобат карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 208 медал, аз он ҷумла 88 медали тилло дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Бритониёи Кабир бо касби 102 медал, минҷумла 42 нишони тилло дувум, ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 99 медал, аз ҷумла 36 нишони тилло севум шуданд. Инчунин байни панҷ дастаи беҳтарин Украина бо касби 73 медал, аз ҷумла 24 тилло ва Австралия бо касби 79 медал, аз ҷумла 23 нишони тилло ҷойгир шуданд.

Ба ғайр аз Украина миёни кишварҳои Шӯравии собиқ боз 6 кишвар – Русия, Беларус, Озарбойҷон, Латвия, Литва ва Эстония соҳибони медалҳои паралимпӣ гардиданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG