Пайвандҳои дастрасӣ

Таниши дипломатӣ миёни Минску Бишкек


Ҷониш Боқиев, раҳбари пешини идораи амнияти Қирғизистон ва бародари раиси ҷумҳури қабли Қурмонбек Боқиев.

Ҷониш Боқиев, раҳбари пешини идораи амнияти Қирғизистон ва бародари раиси ҷумҳури қабли Қурмонбек Боқиев.

Имрӯз эътирозгарон шишаҳои сафорати Беларусро дар Бишкек зада шикастанд.

Намояндагони ҷунбишҳои иҷтимоии Қирғизистон бо баргузории намоишҳои эътирозӣ бастани сафорати Беларус дар Бишкек ва истирдоди Ҷониш Боқиевро талаб доранд.

Рӯзи сешанбе дар назди сафорати Беларус дар Бишкек аз 50 то 60 нафар гирди ҳам омада, ба назди онҳо баромадани сафири Минск Виктор Денисенкоро талаб кардаанд. Денисенко ба назди эътирозгарон набаромад ва баъди зада шикастани шишаҳои сафорат ба ин маҳалл нирӯҳои изофии пулисро эъзом карданд. Ин қазия зоҳиран таниши дипломатӣ байни Бишкеку Минскро, ки бо талаби истирдоди Ҷониш Боқиев оғоз ёфт, амиқтар мекунад.

Мария Ваншина, намояндаи вазорати хориҷаи Беларус гуфт: “Дар робита ба ҳодисаи рухдода дар назди сафорати Беларус дар Бишкек кордори сафорати Қирғизистон дар Минскро имрӯз ба вазорати хориҷаи Беларус фаро хонданд. Ӯро ба таври қатъӣ дар мавриди ғайри қобили қабул будани чунин аъмоли иғвоангез, ки фаъолияти ниҳоди дипломатӣ ва кормандонашро таҳти хатар мегузорад, ҳушдор доданд. Ҷониби Беларус таъмини ҳифозати қавии сафораташро тақозо мекунад.”

Ҳамин тавр, рӯзи душанбе дар назди сафорати Беларус ҳомии ҳуқуқи қирғиз Ондуруш Тӯхтаносиров ба нишони ҳамдилӣ бо фаъоли беларусӣ Михаил Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон

Пашкевич эътирози якка доир кард. Пашкевич гӯё баъди нашри акси Ҷониш Боқиев, ки бо вуҷуди таҳти таъқиби байналмилалӣ қарор доштанаш дар кӯчаҳои Минск озодона сайругашт мекард, аз ҷониби ин раҳбари собиқи хадамоти амнияти раисиҷумҳури Қирғизистон паёми зиддунақизи “табрикӣ” гирифтааст.

Акси Ҷониш Боқиев дар Интернет рӯзи 17 август нашр шуд ва алакай рӯзи 21 август Бишкек аз Беларус боздошт ва истирдоди ӯро тақозо кард. Тақозое ки Минск аслан посухе ба он надод ва дар натиҷа, Бишкек рӯзи 24 август сафираш Эрик Асаналиевро “барои машварат” аз Минск пас хонд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар изҳороте сароҳатан гуфт, ки ин иқдом ба “набуди посухи мақомоти зисалоҳи ҷониби Беларус ба ёддошти лафзии 21 август ва изҳороти вазорати хориҷа аз 22 август дар мавриди ҳузури шаҳрванди Қирғизистон Ҷонибек Боқиев дар қаламрави Беларус бастагӣ дорад.”

Вазорат гуфт, Боқиев “барои ҷиноёти хеле сангини қаблиаш аз сӯи Қирғизистон ва Интерпол таъқиб мешавад.” Дар ин изҳорот Минск ба иҷро накардани Паймони кӯмакҳои ҳуқуқии байни кишварҳои ҳамсуд айбдор мешавад. Ин паймон, ки шароити таъқиб ва истирдоди афроди гумонбар дар паҳнои пасошӯравиро танзим мекунад, иттифоқан дар пойтахти Беларус тасвиб шуда, паймони Минск ном дорад.

Аскар Бешимов, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон баъд аз мулоқоташ бо сафири Беларус гуфт, зоҳиран ин яхи сӯитафоҳум байни ду кишвар кам-кам об мешавад: “Мо аз ин изҳори нигаронӣ ва ҳайрат кардем, ки додситонӣ гуноҳҳои сирф ҷиноиро ҳамчун таъқиби ақидаҳои сиёсӣ таъбир мекунад. Ва агар қаблан мукотиба фақат байни ду додситонӣ буд, ҳоло ба ин раванд вазорати хориҷа ҳамроҳ шуд. Мо мунтазири посухем. Онҳо розӣ шуданд, ки баъди ҳар 3-4 рӯз дар бораи иқдомоти анҷомдодаашон ба мо маълумот бидиҳанд.”

Вале сардабири нашрияи беларусии “Наша нива” Андрей Динко тағйир ёфтани мавзеъи Минск дар мавриди истирдоде Боқиевҳоро хеле дур аз эҳтимол медонад: “Мантиқи рафтори Минск маъмулан ё аз манофеъи иқтисодӣ бармеояд ё аз заруриёти сиёсиаш дар дохил. Равобити Беларус бо Қирғизистон хеле ночиз аст, ки латмае ба тавони молии давлати Аляксандр Лукашенка бизанад. Аз сӯи дигар, додани паноҳгоҳ ба Боқиев як ҷузъи муҳими бозии сиёсӣ дар дохил буд ва Лукашенка бо ин мехоҳад имиҷи худ ҳамчун муборизи оштинопазир бо ҳар навъ инқилобро ба намоиш гузорад.”

Қурмонбек Боқиев, ки баъди эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 тарки мақом кард ва моҳе баъд ба Беларус паноҳ бурд, ҳамроҳ бо беш аз 20 мақоми вақти қирғиз, аз ҷумла бародар ва раҳбари хадамоти амнияташ Ҷониш ё Ҷонибек, аз сӯи Бишкек дар иртикоби қазияи ҳалокати зери 100 эътирозгар таҳти таъқиб қарор дорад.
XS
SM
MD
LG