Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати худхондаи муваққати Қирғизистон ба "Ассошиэйтед Пресс" гуфт, давлати ӯ дар сурати истеъфо ва тарки кишвар кардани раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев амнияти ӯву аҳли хонаводаашро замонат медиҳад.

Қурмонбек Боқиев имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар зодгоҳаш, рустои Тейити вилояти Ҷалолобод гуфт, дар сурати тазмини амнияти ӯву пайвандонаш истеъфо хоҳад дод: “Ман дар кадом сурат истеъфо хоҳам дод? Пеш аз ҳама дар сурате ки онҳо ин ҳама гаштугарди афроди силоҳбадаст, ғасбу тақсими амволро хотима диҳанд. Ва албатта, дар сурати тазмини амнияти ману аҳли хонавода ва пайвандони ман.”

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳои дигар ҳукумати муваққат ба Боқиев то поёни имрӯз фурсат додааст, ки худро таслим кунад, вагарна боздошт хоҳад шуд. Боқиев ба дунболи ошӯбҳои 7 апрел, ки беш аз 80 кушта ба ҷо гузошт, аз Бишкек ба зодгоҳаш – Ҷалолобод фирор кард.

Роза Отунбоева имрӯз ҳамчунин гуфт, ки қарордоди яксолаи истиқрори пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон моҳи июл ба муҷарради хатми замони эътибораш ба таври автоматӣ тамдид хоҳад шуд. Имрӯз дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ ҳамаи ҷонибҳои рақиб дар Қирғизистонро ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳо даъват кард.

Боқиев шароити истеъфояшро эълон кард

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, дар сурати тазмини амнияти ӯ ва хонаводааш, омода аст истеъфои худро эълон кунад.

Ӯ ҳамчунин раҳбари ҳукумати худхондаи муваққат Роза Отунбоеваро барои музикорот ба пеши худ даъват кард ва афзуд, агар Отунбоева ҷиҳати истифодаи нерӯ барои боздошти ӯ иқдом кунад, ноком хоҳад шуд.

Гирдиҳамоии дигари тарафдорони Боқиев дар Ҷалолобод

Қурмонбек Боқиев дирӯз, 12-уми апрел, дар деҳаи зодгоҳи худ дар ҷамъи тақрибан 1.000 нафар аз мардум даъват карда буд, то субҳи 13-уми апрел дар маркази шаҳри Ҷалолобод гирд оянд.

Мардум гирд омаданд, вале, ба гуфтаи Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, ғайримунтазира риштаи гирдиҳамоӣ дар дасти мухолифони Боқиев қарор гирифт. Тарафдорони ҳукумати муваққатӣ дар суханрониҳои худ ҳукумати Боқиев ва вакилони порлумони замони ӯро танқид карданд, ки ба манфиати мардуми оддӣ ҳеҷ кореро анҷом надоданд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, як гурӯҳ субҳ талош карданд, то вориди бинои ҳукумати вилоят шаванд, вале муҳофизон ин талошро ноком карданд.

Феълан, дар атрофи майдони гирдиҳамоӣ ходимони зиёди пулис ба чашм мерасанд, вале онҳо ба рафти гирдиҳамоӣ дахолат накарда, танҳо назорат мебаранд.

Дар ҷараёни гирдиҳамоӣ тарафдорони Боқиев низ тавонистанд, ба минбар баромада, ҳукумати муваққатиро танқид кунанд. Баъдан, дар миёни издиҳом, ки шумораашон то ба тақрибан 4,000 нафар расид, шиорҳо ба тарафдории Қурмонбек Боқиев пайдо гардид.

Сипас, соати қариб 10:00 ба вақти Тоҷикистон худи Боқиев низ пайдо гардид ва дар гирдиҳамоии маркази шаҳри Ҷалолобод суханронӣ кард. Боқиев тақрибан суханҳои дирӯзаашро такрор намуд. Ӯ гуфт, дар ҳодисаҳои гузашта гунаҳгор нест ва боз пешниҳод кард, ки як комиссияи байнулмилалӣ ба таҳқиқи қодисаҳои гузашта пардозад ва агар ин комиссия ӯро гунаҳгор донад, ӯ омода аст, ки дар назди мардум посух бидиҳад.

Президент Боқиев ҳамчунин гуфт, шуморе аз пайвандонаш то сари қудрат омадани ӯ аллакай ба корҳои муҳимми давлатӣ ҷалб шуда буданд. Мисол овард, ки писари калонияш Марат дар хадамоти амният полковник буд. Боқиев гуфт, ҷалби пайвандонаш ба корҳои давлатӣ масъулияти онҳоро дар назди давлат бештар мегардонад.

Қурмонбек Боқиев сабаби дар Бишкек ба назди издиҳом набаромаданашро бо он шарҳ дод, ки мардуми гирдомадаро ҳеҷ кас идора намекард. Ӯ гуфт, ба мухолифин вазифаҳои баланди ҳукуматӣ дода буд, ҳатто мансаби нахуствазириро.

Лағви дахлнопазирии Боқиев


Мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтаанд, ки масуният ё дахлнопазирии Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури маъзули ин кишварро лағв карда ва аз ӯ хостаанд, таслим шавад.

Азимбек Бекназаров, сарпарасти вазорати амнияти ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, агар Боқиев таслим нашавад, имкони аз нерӯи интизомӣ истифода кардани мақомот барои боздошти ӯ вуҷуд дорад.

Қабл аз ин мақомоти ҳукумати муваққат дастури боздошти бародар ва писраи Қурмонбек Боқиевро содир карда буд. Вале то кунун ҳеҷ яке аз онҳо боздошт нашудааст.

Тафсилоти бештари ҳаводиси Қирғизистон:

Суханронии Боқиев дар гирдиҳамоии Ҷалолобод

Президенти фирории Қирғизистон ба истеъфо омода аст

Роза Отунбоева - раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон

Нахустин мулоқоти байналмилалии ҳукумати Отунбоева

Назарҳо аз Тоҷикистон ба ҳаводиси Қирғизистон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG