Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти Хоруғ мушкилтарин барномаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият унвон мешавад.

Таҳлилгарони рӯйдодҳои ахири Хоруғ мегӯянд, агар ба ҳаводиси моҳи ахир амиқтар нигоҳ кунед, тасвире ҳосил мешавад, ки "сенарияи як намоишномаи аз пеш тарҳрезишуда" дар Бадахшон саҳнагузорӣ шуд. Нақши оркестр ё иҷрокунандаи ин сюжаро гурӯҳҳои мусаллаҳ бозиданд. Аммо то ба охир маълум нашуд, ки "адвори ҷанг"-ро кӣ навишта буд ва "дирижер" кӣ буд.

Собиқ вазири амнияти Тоҷикистон, генерал Саиданвар Камолов мегӯяд, "ҳеҷ кас ҳақ надошт ва надорад аз Айёмбеков ё ҳар гумонбари дигар дар муқобили қонун ҳимоят кунад. Агар ӯ гумонбар аст ва ба чизе айбдор мешавад, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад." Ба ақидаи ҷаноби Камолов, ҳамин гуна ҳимоят аз ҳамдигарӣ ё пуштибониҳои гурӯҳӣ сабаби сар задани амалиёти Хоруғ гардид.

Аз рӯзи шурӯи амалиёти амниятӣ дар Хоруғ таҳлилгарон чандин фарзияи таҳаввулотро ба баррасӣ гирифтанд, ки яке куштори генерал Назаровро баҳонаи таҳкими нируи низомӣ дар Бадахшон унвон мекард ва дигаре сенарияи табадулоти давлатӣ ва дигарбора ба ҷанг кашидани Тоҷикистонро матраҳ мекард. Дурустии ин фарзияҳоро танҳо мақомоти қурдатӣ метавонанд тасдиқ ва ё инкор кунанд. Аммо як ишораи Толиб Айёмбеков ба фоидаи фарзияи дуюм аст, ки гуфтааст, "касе аз хориҷ барои табаддулоти давлатӣ ба ӯ 7 миллион доллар пешниҳод карда буд".

Ин ҳама то чанд муддати дигар ба гунае ошкор хоҳад шуд. Аммо ҳоло таҳлилгарон бештар ба шеваи амалиёти Хоруғ ва чолишҳое, ки ҳукумат дар пешорӯ дорад, тамаркуз кардаанд.

Аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ (соли 1997) дар Тоҷикистон, нерӯҳои ҳукуматӣ борҳо бо гурӯҳҳои мусаллаҳ вориди даргирӣ шуданд ва ба ҷангу ҷангсолорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар хотима доданд. Аммо ба назари таҳлилгарон амалиёти Бадахшон аз душвортаринҳо буд. Дар оғози амалиёт коршиносоне мисли Парвиз Муллоҷонов ва Султони Ҳамад бо ишора ба вежагиҳои ин минтақаи кӯҳдоман ва пайвастагии мардум ба якдигар гуфта буданд, ки ин амалиёт аз даргириҳои Кӯлобу Қаротегин фарқ хоҳад дошт.
Бархе аз онҳо вуруди нерӯҳо ба Бадахшонро “амалиёти махсусан махсус” номиданд, ки бадахшониҳои хориҷ аз кишварро ба ҷунбиш овард ва ба ин амалиёт ҷомаи дигар пӯшонд.

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо гузашти ин ҳама вақт ва рӯ задани таҳаввулоти охир низ назари ӯ ба амалиёт тағйир накардааст: “Ҳоло Айёмбеков таслим шуд. Дар он ҷо даҳҳо қумандонҳои дигар аст. Чӣ қадар силоҳ супурдаанд ва киҳо силоҳи худро таслим кардаанд? Бисёр факторҳои дигаре ҳастанд, ки паҳлӯҳои норӯшани амалиётро бояд омӯхт. Назари сокинони Бадахшон ба ҳукумат баъд аз ин шеваи анҷоми амалиёт чӣ хоҳад шуд, ин муҳим аст.”

Барои бисёриҳо дар рӯзи дуюм бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон қатъ шудани амалиёти Хоруғ ба гунае фаҳмида шуд, ки иҷрои тарҳи боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Бархеи дигар мегӯянд, худи ин амал як тактикаи ҳарбӣ буд, ки пас аз як ҳамлаи ногаҳонӣ ва тарсонанда нерӯҳои давлат бо он ки муҳосираи Хоруғро идома доданд, интизори таслим шудани афроде гаштанд, ки бояд боздошташон мекарданд. Коршиносони дигар бар инанд, ки тамоми қазия як баҳонае буд барои ворид кардани нерӯҳо ба Бадахшон ва зери назорати воқеӣ гирифтани ин минтақаи аз лиҳози стратегӣ муҳим, ки тӯли солҳои истиқлолият аз назари Душанбе дур шуда буд.

Абдулло Назаров

Абдулло Назаров

Таҳлилгари умури амниятӣ Маҳдӣ Собир мегӯяд, бо таслим шудани Толиб Айёмбеков амалиёт дар Бадахшон поён ёфт: "Дар сурате, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст боздошт мешаванд ва ё таслим мешаванд, дигар зарурат ба идомаи амалиёт намемонад. Толиб Айёмбеков ба ҳукумат таслим шуд, акнун гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода мешавад ва ҳамаҷониба масъалаҳоро баррасӣ мекунад. Идомаи амалиёт маъно надорад ва бо ҳамин мешавад гуфт, ки он поён ёфт."

Вале ба назари пажӯҳишгари масъалаҳои амниятӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов, амалиёт идома хоҳад кард. Дар посух ба ин суол, ки чаро ҳукумат барои боздошти то 10 нафар гумонбар зиёда аз 2000 сарбоз ва миқдори зиёди техникаи ҳарбиро ба Бадахшон сафарбар кард, ҷаноби Ҷалилов чунин гуфт: "Медонед, аввал ин ки мақомоти амниятӣ ва умури дохилии Бадахшон аз ӯҳдаи боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин гурӯҳ набаромаданд ва дуввум, тибқи фарзияҳо, дар марзи Афғонстон гурӯҳҳои терористии ҲИУ ва гурӯҳҳои дигар ҷамъ омада буданд."

Комёб Ҷалилов

Комёб Ҷалилов

Амалиёт дар Хоруғ инчунин муносибатҳои раҳбарияти Тоҷикистон ва Шоҳзода Оғохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳонро низ ба маърази имтиҳон гузошт. Ин ҳам дар ҳоле ки аввали моҳи апрели соли равон, имом ба Душанбе сафар карда, дар дидор бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолиятҳои густардаи сохторҳои динии ҷомеаи исмоилиёни Тоҷикистон изҳори сипос карда буд. Бо иҷозаи расмии чунин фаъолият Душанбе паём дода буд, ки шубҳаашро ба кори сохторҳои мазкур дар қаламрави Тоҷикистон аз байн бурдааст. Ҳоло намояндагони Оғохон ба ҳалли осоиштаи қазия дар Хоруғ ёрӣ медиҳад. Коршинос Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ки рӯйдодҳои Хоруғ барои муносибатҳои Тоҷикистон ва Оғохон таъсири дарозмуддат хоҳад дошт.

"Албатта дар аввал муносибат хуб аст, зеро паёми Оғохонро ҳукумат ба инобат гирифт ва амалиётро қатъ кард, лекин дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани амалиёт созмони Оғохон хабари ҳамаҷониба надорад. Агар шикояти мардуми Хоруғ ба Оғохон расад, мумкин аст, муносибати ду тараф сард ҳам шавад", - илова кард ӯ.

Ба ақидаи коршиносон нерӯҳо дар Бадахшон боқӣ мемонанд, зеро расман ин бахше аз қаламрави Тоҷикистон аст. Сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов талабҳои баровардани ин нерӯҳоро иғвогарона номидааст. Вале акнун масъала ин хоҳад буд, ки то куҷо ҳукумати марказӣ ҷинояткорӣ ва худсариҳоро дар Бадахшон решакан ва волоияти қонунро таъмин хоҳад кард. Муносибати мардуми Бадахшон ба марказ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки қонунмандӣ дар ҳамаи риштаҳо ҷорӣ хоҳад гашт, раҳбарони маҳаллӣ зодагони Бадахшон хоҳанд буд ва намояндагони ин минтақа дар Душанбе мақомҳои баланд хоҳанд гирифт? Ин саволҳоест, ки феълан ба онҳо ҳеҷ нафаре аз ҳукумати Тоҷикистон омода нест посух диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG