Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушта шудани як сокини Хоруғ ва берун шудани нерӯҳо аз Бадахшон


Пайи тир дар мошине, ки сарнишинонаш ҳадафи тири сарбозон дар посгоҳ қарор гирифтанд.

Пайи тир дар мошине, ки сарнишинонаш ҳадафи тири сарбозон дар посгоҳ қарор гирифтанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, аз тири нерӯҳои давлатӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манбаи "Озодӣ", дар маҳалли Бидурд, дар даромадгоҳи Хоруғи боло аз тири як сарбоз як мусофир автомашинаи сабукрав ба ҳалокат расид. Мақомоти дохилаи шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки Вохид Мамадиков донишчӯ аз сар тир хӯрда, дар бемористон ҷон додааст. Ронанда ва мусофири дигар, ки яке зан аст низ бо ҷароҳатхои вазнин дар бемористон қарор доранд.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии Хоруғ зимни таъйиди ин хабар ба РО гуфтанд, ки « ки худрави мусофирбари тамғаи "Тангем" ба огоҳии нозирон постгоҳ итоат накардааст, ки дар натиҷаи тирандозии яке аз низомиён, мусофири ин мусофирбар дар бемористон ҷон бохта ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф бистарӣ шуданд».

Ба гуфтаи ин манбаъ, ниҳодҳои интизомӣ таҳқиқи ин қазияро пайгирӣ доранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки муддати чанд рӯзи ахир вазъ дар шахри Хоруғ ором буда ва танҳо дар чор гӯшаи маркази Бадахшон посгоҳҳои муштараки пулис ва низомиён таъмини назму тартиботро бар дӯш доранд.

Дар ҳамин ҳол беш аз 200 сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ ва Горди миллии Тоҷикистон шаҳри Хоруғро ба қасди Душанбе тарк карданд.

Як манбаи мӯътамад дар Горди милии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 10-уми август ин хабарро дар сӯҳбат бо РО таъйид кард ва гуфт, ки «аз анҷоми амалиёти низомӣ беш аз ду ҳафта мегузарад ва нигоҳ доштани сарбозону афсароне, ки 22 июл ба Хоруғ интиқол дода шуда буданд дигар зарурат надорад, аз ин рӯ онҳо ба ҷои доимии хизмати худ дар шаҳри Душанбе баргардонида мешаванд».

Ба таъкиди ин манбаъ, аз ин ҷумла ҳудуди 120 нафар афсарону сарбозони Горди миллии Тоҷикистон ва бақия аз вазорати дифоъ ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки генерал Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон имрӯз ба телевизиони Бадахшон гуфтааст, ки «бо эътидол шудани вазъ дар Хоруғ гурӯҳи чатрбозон ё десантчиёни вазорати дифоъ низ Хоруғро тарк карданд».

Ҳамчунин ба иттилоъи манбаъи мӯътамади РО, нишонзанҳо аз кӯҳҳои атрофи шаҳри Хоруғ низ барчида шуда ва ба маҳалли буду бошашон дар душанбе интиқол дода шуданд.

Қаблан, як манбаъ аз вазорати дифоъ ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки то 2-юми август ҳудуди 300 тан аз сарбозони вазорати дифоъ ҳудуди Бадахшонро тарк кардаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки тақрибан 28-уми июл раванди бозгардондани ҷузъу томҳои ниҳодҳои қудратӣ оғоз шуда буд ва марҳила ба марҳила сарбозоне, ки барои амалиёт ба Хоруғ оварда шуда буданд, ба қисмҳои ҳарбии худ баргардонида мешаванд.

Аз ин қабл манбаи "Озодӣ" дар Бадахшон хабар дода буд, ки дар Хоруғ як баталиони 500-нафарӣ боқӣ монда, нерӯҳои изофӣ ба қароргоҳашон бармегарданд. Ин тасмим ба дунболи поён ёфтани амалиёти низомӣ дар маркази вилояти Бадахшон ва ҳам таъмини шароити хуби будубош барои сарбозону афсарон, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст, гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки баталиони махсуси 500-нафарӣ умдатан аз нерӯҳои вазорати умури дохилии Тоҷикистон иборат буда, то ба анҷом расидани марҳилаи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, дар Хоруғ боқӣ хоҳанд монд.

Дар хамин ҳол музокирот байни фармондеҳони собиқи мухолифин ва хукумат бо миёнҷигарии гурӯҳи 20 нафара ва намояндаи бунёди Оғохон дар Хоруғ идома дорад. Аммо сокинон нигаронанд, ки ҷодахои бурунрафт аз суйи маркази вилоят ба суйи ноҳияҳое, ки аз ҷониби бозрасии автомобили ва низомиён дидбонӣ мешаванд ва нуқтаҳои машрубот дар наздикии мақари афсарону сарбозон, ки шомгоҳон сокинони бумӣ ва низомиёнро бо дам дар онҳо дидан мумкин аст, манбаи танишҳои эҳтимолӣ боқӣ мемонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG