Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қасди "Азия-Плюс" барои ба додгоҳ кашидани Хадамоти алоқа


Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"

Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"

Масъулони "Азия-Плюс" барои баҳси додгоҳӣ бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз созмонҳои хабарнигорӣ кӯмак хостаанд.

Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) омодааст, барои таҳияи аснод ва мадорики лозим ба Оҷонсии иттиллоотии "Азия-Плюс" дар баҳс бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар додгоҳ кӯмак намояд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс" аз созмони ӯ ва бақия созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон расман даъват кардааст, ки дар ин марҳилаи мураккаб кӯмаки худро ба ин Оҷонсӣ дареғ надоранд.

Дар номае, ки хонум Тоҷибоева ба Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон навиштааст, гуфта мешавад, онҳо қасд доранд Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро ба додгоҳ бикашанд, вале аз онки Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти мазкур иллати бастани сомонаи "Азия-Плюс"-ро ба "мушкилоти фаннӣ" марбут медонад, иҷрои ин кор мушкил шудааст.

"Вазъият бағоят мураккаб аст. Вале тоқат кардан ва сукут варзидан дар баробари ин тарзи бархӯрд комилан ғайримумкин аст. Имрӯз моро ба чунин вазъ гирифтор карданд, фардо бо дигарҳо низ ин кор такрор мешавад. Онҳо дар чунин ҳолат худро беҷазо эҳсос мекунанд ва зарур аст, мо ба кӯмаки ҳам бишитобем",-навиштааст Зебо Тоҷибоева.

Торнамо (сайт)-и "Азия-Плюс" баъд аз ҳаводиси моҳи гузашта дар Хоруғи Бадахшон масдуд шуда, алоқамандони он наметавонанд аз ахбор ва матолиби он баҳравар шаванд. Масъулони ин торнамо баста шудани ин сомонаро кори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон меҳисобанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, гуфт, онҳо ба хоҳиши Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" посухи мусбат дода ва дар ҳоли ҳозир ба куллия интернет-провайдерҳо нома навишта, иллати маҳдудият дар дастрасӣ ба ин сомонаро ҷӯё шудаанд. Қаршибоев гуфт, баъд аз онки интернет-провайдерҳо ва ё ширкатҳои дастраскунандаи интернет дарёфт кардани нома онҳо метавонанд қазияро ба додгоҳ бикашанд. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир Дафтари риояти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ҷалб кардани вакили дифоъ ва низ Дуня Миятович, намояндаи умури озодиҳои матбуот дар САҲА изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар додгоҳ аз ҷониби "Азия-Плюс" баромад хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG