Пайвандҳои дастрасӣ

"Кам касе медонад, ки Тоҷикистон аккосони ҳирфаӣ дорад"


Нозим Қаландаров, яке аз суратгирони номӣ ва сермаҳсули тоҷик.

Нозим Қаландаров, яке аз суратгирони номӣ ва сермаҳсули тоҷик.

Бархе аз суратгирони тоҷик мегӯянд, аксар нашрияву торнамоҳо бо нақзи ҳуқуқи муаллиф акси онҳоро чоп мекунанд.

Рушноӣ, фокус ва композитсия. Се омили муҳимтарин барои ба вуҷуд омадани як акси хуб. Ин нуктаро Франк Вард, профессори Коллеҷи HOLYOKE–и Амрико оид ба санъати тасвирӣ, зимни дарси омӯзишиаш барои фотожурналистон ва дӯстдорони суратгирӣ зикр кард.

Франк мегӯяд, бо вуҷуди бо суръат пеш рафтани имкониятҳои дастгоҳи аккосӣ то ҳол тугмачаи "шедевр" ё шоҳкорӣ кашф нашудааст ва сифати аксҳо дар бештари маврид аз худи аккос вобастагӣ дорад. Ӯ, ки аз аккосони варзидаи Амрикоист ва солҳои тӯлонӣ дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ ба аксбардорӣ машғул будааст, тайи ду рӯз аст, таҷрибаи андӯхтаи хешро дар ин ришта ба аккосони тоҷик медиҳад.

Ҷаноби Вард зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ҳеҷ умедвор набуд, ки дар Тоҷикистон бо чунин акксони ҳирфаӣ вомехӯрад: "Имрӯз ман се нафар аккосро дар дарсҳои худам вохӯрдам, ки дараҷаи ҳирфаияташон аз аккосони номии Амрико камтар нест. Дар чанд торнамои маҳаллӣ ҳам аксҳои суратгирҳои маҳаллиро вохӯрдам, ки сифати баланд доштанд. Аммо аксҳои онҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ намешавад ва кам касоне дар дигар кишварҳо медонанд, ки дар Тоҷикистон чунин аккосони ҳирфаӣ кору фаъолият мекунанд."

Аммо аккосони тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон танҳо бо аксбардорӣ ва фурӯши онҳо рӯз гузаронидан мушкил аст. Михаил Романюк, яке аз аккосони ҳирфаии Тоҷикистон, ки маҳсули эҷодашро рӯзномаҳои бонуфузи Амрико нашр кардаанд, мегӯяд, бо густариши Интернет дар Тоҷикистон суратдуздӣ низ густариш ёфтааст: "Вақте кас ҳамчун аккоси ҳирфаӣ фаъолият мекунаду тамоми нерӯяшро ба суратгирӣ мебахшад, танҳо бо фурӯхтани маҳсули эҷодкардааш метавонад рӯз гузаронад. Аммо ин дар Тоҷикистон номумкин аст, чун ҳуқуқҳои муаллиф дар ҳар қадам нақз мешавад ва аккос наметавонад ҳаққи эҷодашро ситонад. Дар бисёр ҷойҳо аксҳои худамро мебинам, ки напурсида нашр мекунанд. Аммо даъвои ҳуқуқи муаллифӣ намекунам, чунки дар Тоҷикистон ин кори бефоида аст."

Михаил мегӯяд, мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2002-юм баҳои ҳар сурат бояд ба ҳадди ақали маош муттаносиб бошад. Бинобар ин, бо назардошти он ки аз он сол то кунун ҳадди ақали маош 6 маротиба баланд шуд, нархи ҳар як сурат набояд аз 172 сомонӣ кам бошад.

Аммо соҳибони нашрияҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, вазъи молиашон имкон намедиҳад, ки барои як сурат ин миқдор маблағ пардохт кунанд. Акбаралӣ Сатторов, муассиси гурӯҳи нашриётии "Чархи гардун" мегӯяд, матбуоти тоҷик ба фотожурналистони ҳирфаӣ сахт ниёз дорад ва он журналистоне, ки дар даврони Шӯравӣ фаъолият мекарданд, аксарият ё дар қайди ҳаёт нестанд ва ё ба нафақа баромадаанд: "Он суратҳое, ки имрӯзҳо дар саҳфаҳои матбуот ба нашр мерасанд, ба ягон талабот ҷавобгӯ нест. Навад дарсади аксҳои ҳафтаномаҳо аз торнамоҳои интернетӣ бо нақзи ҳуқуқи муаллиф нусхабардорӣ шудааст. Имрӯз хеле ками нашрияҳо фотожурналистҳои худро доранд."

Ҳоло дар факултаҳои журналистикаи мактабҳои олии Тоҷикистон фотожурналистҳо омода карда намешаванд. Беҳрӯз Шукруллоев, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, мегӯяд, дар факултаи журналистка аксбардорӣ омӯзонида мешавад, вале ихтисоси хоси "фотожурналист" вуҷуд надорад. Ӯ ёдовар шуд, ки аккоси фақиди тоҷик шодравон Муҳиддин Олимпур орзуи таъсиси як лабараторияи аккосиро дар назди факултаи журналистика дошт, вале ӯ ҳам ин орзуяшро ба хок бурд.

Донишҷӯёни факултаи журналистика мегӯянд дарсҳои фотожурналистика аксаран ба шакли назариявӣ мегузаранд ва онҳо бо омӯхтани ин ин фан ҳунари аксбардориро аз худ намекунанд.

Навор аз бойгонии "Озодӣ": Тоҷикистон аз дурбини суратгири ҷавон ва солманд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG