Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯе, ки одамонро дар хотираҳо зинда мекунад...


Нозим Қаландаров, аксбардори маъруфи тоҷик
Нозим Қаландаров, аксбардори маъруфи тоҷик

Оё зиндагии худро бидуни дурбини аккосӣ тасаввур карда метавонед?

Агар ин дастгоҳ намебуд, оё мо метавонистем зиндагии худро дар як албом ҷамъоварӣ кунем ва гоҳ-гоҳе ба он сар бизанем ва лаззат бибарем?

Албатта на. Дастгоҳи аксбардорӣ, ки ҳанӯз соли 1839 кашф шуд, аз он ба баъд зиндагии инсонҳлоро дигаргуна кард. Як акси суратгири ҳирфаӣ метавонад афкори Шуморо 360 дараҷа тағйир бидиҳад.

Ин аст, ки дастгоҳи аксбардориро нерӯмандтарин силоҳ номидаанд. Барои намуна, акси пурфиғони як модари манотиқи ҷангзада, ки

фарзанди захмиаш дар рӯи дасташ ҷон медиҳад, метавонад ҷаҳонро такон диҳад ва назари мардумро ба ҷангу хунрезӣ дигар кунад.

Ё ба ёд биёред, акси Эйнштейнро, ки шӯхиомез забонашро берун карда касеро “сӯз” медиҳад. Шояд Шумо бигӯед, ки магар ин акси шӯхидор ҷаҳонро дигар кардааст? Бале, ҷаҳонро Эйнштейн бо кашфиёти ҳаставии худ дигар кард. Аммо ин акс муносибати мардум ба ӯро Эйнштейн дигар намуд.

Ӯ аз таъқибу суолҳои хабарнигорон хаста шуда буд ва дар мулоқоти навбатӣ вақте аз ӯ хостанд, ки лабханд бизанад, физики машҳур забонашро ба хабарнигорон нишон дод. Яъне ҳазлу шӯхӣ барои бузургон низ арзиши бегона нест.

Ё бигирем, акси духтараки чашмкабуди афғонро, ки суратгир Стиф МаКари ӯро дар соли 1985, дар яке аз лагерҳои паноҳандагони афғон дар Покистон кашф кард. Акси ин духтараки 13-сола бо

нигоҳи зани солманд он қадар дар расонаҳои ғарбӣ нашр шуд, ки бисёриҳо ӯро “Ҷаконда”-и афғонӣ ном мебурданд.

Муҳимтар аз ҳама, чашмҳои қиссагӯ таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба зиндагии сангини мардум дар аҳди Толибон ҷалб кард. Эътирофи ҳамин тавону нерӯ буд, ки Созмони Милали Муттҳаид 22-юми августро ҳамчун рӯзи дастгоҳи аккосӣ муқаррар кардааст.

То расидан ба дастгоҳҳои диҷитолӣ ва замонавӣ дастгоҳи аккосӣ роҳи дуру дарозеро тай карда садҳо модели қадимиро пушти сар гузоштааст. Модели дастгоҳ муҳим нест, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дастгоҳ ҳамеша дастрас бошад ва ба Шумо имкон бидиҳад, ки лаҳзаҳои муҳимро аксбардорӣ кунед.

Нозим Қаландаров, аккоси шинохтаи тоҷик, мегӯяд ҳарчанд фанновариҳои ҷадид дар ҷодаи аксу наворгирӣ пайдо шудаву одамиятро ба ҳайрат меоранд, вале суратгарӣ ҷойи худро ҳаргиз аз даст нахоҳад дод. Ҷаноби Қаландаров аз таърихи як акси бардоштаи худ чунин қисса кард: "Масалан, мо як гурух мухбирони суратгир дар як маросими минрубӣ иштирок доштем. Дастгоҳи аккосии ман омодаи кор буд. Ҳарчанд моро огоҳ карда буданд, ки 10-15 метр ба майдони минкоришуда наздик нашавем, вале ман нафаҳмида наздик шудам. Ҳамин вақт дуртар аз ман як мина

таркид. Ман ҳамин таркишро акс гирифтам. Ин ҳам барои ман ва ҳам барои ҳозирин ғайричашмдошт ва хеле акси таърихӣ буд. Лекин ҳамон лаҳза агар касе акси худи маро мегирифт, ки чӣ хел аз тарс рангу рӯям канда буд, ба фикрам, бисёр акси аҷиб мешуд."

Анора, як сокини 45-солаи Душанбе, мегӯяд, ҳар боре, ки ӯ албоми хонаводагии худро варақ мезанад, солҳои мухталифи умраш дар аксҳо ӯро хаёлан ба даврони кӯдакиҳову наврасиҳояш мебарад ва ҳамзамон чашмонаш ашкбор мешаванд. Зеро дар миёни ин аксҳо сурати модари ҷавонмаргашро, ки ҳанӯз дар айёми хурдсолии ӯ дунёро тарк гуфта буд, намеёбад.

Ӯ афсус мехӯрад, ки чаро акси модарашро нагирифтанд, то чеҳраи модарро на аз рӯйи гуфтаҳои модаркалон, балки аз аскҳо медиду мешинохт: "Агар ҳамон солҳо сурати модарамро мегирифтанд, ҳоло чеҳраи ӯро аз аксҳо медидам ва ба фарзандонам мегуфтам, ки ин модаркалони шумост. Бубинед, чӣ қадар зани зебое буд. Танҳо як акси ӯро бародарам гирифтааст, ки ҳоло дар Русия кору зиндагӣ дорад."

Агар ба ҷомадони ҳар сайёҳ назар афканед, аввалин чизе, ки дар баробари мисвоку дастмол ба чашм мехӯрад, дастгоҳи аккосист. Ин, албатта, бар аҳамияти дастгоҳи сурагирӣ таъкид мекунад. Мардум сайёҳатҳои худро ба навор мебардоранд ва хушҳолии худро бо дигарон дар миён мегузоранд.

Барои ҳар нафаре, ки ба хонаи дӯсте меҳмон мешавад, гуворотар аз тамошои албоми аксҳои хонаводагӣ чизи хуштаре нест. Махсусан, агар ногаҳон дар байни аксҳо сурати даврони кӯдакӣ ё ҷавонии худро пайдо кунед.
XS
SM
MD
LG