Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммади Тиллозода, писари раиси ҲНИТ бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз зиндон раҳо шуд.

Бузургмеҳри Равшан – вакили дифоъи писари Кабирӣ, Муҳаммад Тилозода ба «Озодӣ» гуфт, додрас нисбати зерҳимояаш ҷарима ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ муқарар кард.

Вай мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки Муҳаммади Тиллозода як моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст, додгоҳ пардохти 40 ҳазор сомониро ба давлат салоҳ донистааст.

Вакили дифоъ аз ҳукми содиркардаи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат истиқбол кард ва фаъолияти Парвина Раҷабова додраси ин додгоҳро ҳирфаӣ хонд.

Ба ҳангоми эълони ҳукми додгоҳ нисбати Муҳаммади Тилозода, модараш ва амакҳояш ширкат доштаанд. Муҳиддини Кабирӣ бо сабаби кори парлумон дар ин мурофиа ҳузур надоштааст.

Аммо қабл аз судури ин ҳукм айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ тақозо кард, ки писари Кабирӣ як сол аз озодӣ маҳрум ва ду ҳазор сомонӣ ҷарима шавад.

Мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Тиллозода, писари раҳбари ҲНИТ 22-юми июн дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат шурӯъ шуда, ба хотири ҳузур надоштани намояндаи айбдоркунандаи давлатӣ то имрӯз мавқуф гузошта шуд. Аммо намояндагони додситонии шаҳри Ваҳдат сабаби ҳузур надоштани айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаро огоҳӣ нашудан аз замони баргузории ин ҷаласа унвон карданд. Онҳо мегӯянд, мебоист додрас панҷ рӯз қабл аз баргузории ҷаласаи додгоҳ тарафҳои дахлдори қазияро огоҳ мекард.

Дар оғози мурофиа айбдоршаванда Муҳаммади Тиллозода худро донишҷӯйи донишгоҳи исломии Малайзия муаррифӣ кардааст. Аммо вакили мудофеи вай Бузургмеҳр Равшан ба додгоҳ санадеро пешниҳод намуд, ки тибқи он Муҳаммад аз ин донишгоҳ хориҷ шудааст.

Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи писари Муҳиддин Кабирӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо хулосаи таҳқиқи муфаттишон ошно шудааст, ки тибқи он сабаби рух додани ин садама -- бепарвоӣ ва саҳлангории ронанда Муҳаммади Тиллозода буда, ҷурми ӯ дар ҳадди миёна арзёбӣ шудааст. Ба қавли вакили мудофеъ, ҷиноятҳо тибқи Кодекси кайфарии Тоҷикистон ба се бахш -- ҷинояти вазнин, миёна ва аз ҳама вазнин тақсимбандӣ мешаванд, ки амали Муҳаммади Тиллозода дар ҳадди миёна мансуб мешавад.

Муҳаммади Тиллозода ҳангоми ҳаракат вақте писарбачаи 12- соларо мебинад, ки қасди аз роҳ гузаштанро дорад, сигнали мошинро баланд мекунад, вале вай ба ин аҳамият намедиҳад. Вакили мудофеи Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, тафтишот нишон додааст, ки ҳангоми вуқӯи ҳодиса суръати мошини Муҳаммади Тилозода 42 километр дар соат, яъне камтар аз нишондоди суръате мебошад, ки дар ин ҷода таъйин шудааст. Суръати ҳаракат дар ин ҷода 60 километр дар соат иҷоза дода шудааст.

Хотиррасон мекунем, писари 21-солаи раиси ҲНИТ, рӯзи 3-юми май бо мошини тамғаи "Тайота Кемрӣ" дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат Муҳиддин Ортиқов, сокини 12-солаи деҳаи мазкурро сахт маҷрӯҳ кард, ки ахирӣ дертар дар бемористон фавтидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG