Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсатмадорон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи хушунат дар Сурия ҷанги мазҳабиро дар кишвар ба думбол хоҳад дошт.

Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб оид ба Сурия, ҳафтае пеш гуфта буд, ки “агар авзоъ тағийр наёбад, дар оянда шояд саркӯбиҳои ваҳшиёна, куштор, низои байнимазҳабӣ ва ҳатто ҷанги шаҳрвандӣ рӯх диҳанд. Ва ин бохти ҳама суриягиҳо хоҳад буд».

Вале, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷанг миёни мазҳабҳои ислом дар Сурия кайҳо боз идома дорад. Ба ҳайси намуна аз дастаи ғайринизомии “Шабиҳа” ё Шабаҳ ном бурда мешавад, ки аз ҳисоби пайравони мазҳаби алавии пуштибон аз хонаводаи Асад ташкил шудааст. “Шабиҳа”, аз ҷумла, дар куштори 108 сокини осоишта, аз ҷумла, 49 тифл дар канори шаҳри Ҳула айбдор мешавад. Шоҳидони ин ҳодиса, ки рӯзҳои 25 ва 26 май ба вуқӯъ пайваст, мегӯянд, сарбозони ҳукуматӣ сӯи манзилҳои деҳаҳои сунниҳо оташ кушоданд, вале қатли мардуми бесилоҳ баъд аз вуруди садҳо алавиҳои мусаллаҳ аз деҳаҳои ҳамсоя шурӯъ шуд.

Фабрис Баланш, раиси маркази таҳқиқотии Gremmo-и Фаронса мегӯяд, “дар ҳаводиси моҳи сентябри соли 2011 дар Ҳумс мо дидем, ки ин ҷанг - ҷанги мазҳабист. Аз як сӯ, шумо артиши Сурияро доред, ки бо мухолифин мубориза мебарад, вале мухолифин фақат мардуми суннимазҳабанд. Аз сӯи дигар Артиши озоди Сурия аст, ки дар он афроди ғайрисуннӣ ангуштшуморанд, фикр мекунам, ки дар Артиши озоди Сурия ягон алавӣ ва ягон масеҳӣ нест. Дар Ҳумс аксари сарбозони суриягӣ аз ҷамоати алавиҳо буданд».

Aлавӣ аз қарни нӯҳ як бахш аз мазҳаби шиаи Ислом маҳсуб мешавад. Айни ҳол тақрибан 12 дарсади аҳолии Сурия пайрави ин мазҳабанд ва ҳукумату артиш зери фармони алавиҳо қарор доранд. Фабрис Баланш, ки мавзӯъи чӣ гуна дар Сурия сари қудрат омадани алавиҳоро пажӯҳиш кардааст, мегӯяд, рақобати миёни алавиҳо ва сунниҳо решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, «Шабиҳа» ҳанӯз замони раҳбари Ҳафиз Асад, падари Башор Асад, арзи вуҷуд карда буд, ки баъд аз табаддулоти соли 1970 сари қудрат омад.

Таҳлилгар мегӯяд, ки аъзои «Шабиҳа» ҳатто дар шаҳрҳои бузург аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд. Онҳо ваколати расмӣ надоранд, вале эътирозгаронро лату кӯб мекунанд ва ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ба иттилои Баланш, ба «Шабиҳа» асосан ҷавонони алавии камбизоате шомиланд, ки пайвандонашон дар артиш ё дар хадамоти кашф хизмат мекунанд. Бархе аз онҳо аз сӯи режим маблағе мегиранд ваё иҷоза доранд, ки амволи ғораткардаашонро бо худ баранд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, дар набардҳо дар вилояти Ҳумс, ки аз пойгоҳҳои аслии мухолифин маҳсуб мешавад, асосан дивизияи чаҳоруми артиши Сурия таҳти фармони бародари раисиҷумҳур Моҳир Асад ширкат мекунад. Ин дивизия фақат аз ҳисоби алавиҳо ташкил шудааст ва дар он ягон суннимазҳаб ё масеҳӣ нест. Ҷузву томҳое, ки дар онҳо сунниҳо хизмат мекунанд, дар манотиқи оромтар ҷойгиранд, зеро режим ба садоқати сарбозони суннимазҳаб эътимод надорад.

Коршиносон мегӯянд, «Шабиҳа» барои мақомоти Сурия боз аз он ҷиҳат зарур аст, ки онҳо метавонанд ҷиноёти худро бар дӯши ин гуна дастаҳо бор кунанд. Тавре, ки дар Ҳула рух дод. Нозирони байнулмилалӣ дар куштори мардуми бегуноҳ афроди либоси мулкӣ дар танро айбдор намуданд ва Димишқ низ эълом дошт, ки артиш дар ин ҷиноят даст надорад. Ба иддаои мақомот, сокинони деҳаҳои канори Ҳуларо террористҳо ва дасисакорони мухолифи ҳукумат тирборон кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG