Пайвандҳои дастрасӣ

Сурияро бо куштори мулкиён муттаҳам мекунанд


Syria -- Russian tank in Syria, 13Jun2012

Syria -- Russian tank in Syria, 13Jun2012

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел (Amnesty International) ҳукумати Сурияро бо куштори мардуми мулкӣ дар ҷараёни ҳамлаҳои танзимёфта муттаҳам кардааст. Ба қавли ин созмон кушторҳо “бахше аз сиёсати давлат” буда, муодили ҷиноят бар зидди башарият мебошанд. Дар як гузорише, ки Амнести Интернешенел рӯзи панҷшанбе интишор намуд, ин созмон поймолшавии “муназзам”-и ҳуқуқи башар аз сӯи ҳукумати Сурия дар 23 шаҳру деҳаи вилоятҳои Ҳалабу Идлиб дар давоми моҳҳои апрел ва майро сабт кардааст. Дар гузориш мусоҳибаҳо бо беш аз 200 нафар ва мин ҷумла наздикони афроди кушташудаву хонахаробагашта ҷой дода шудааст. Ҳукумати Сурия мегӯяд, бо “даҳшатафканон”-и зери ҳимояи хориҷиён, ки масъули куштори сарбозон ва афсарони полиси Сурия мебошанд, дастбагиреброн аст. Вале шоҳидон мегӯянд, ки афроди кушташуда бо муқовимат ба режими президенти Сурия Башор Асад иртиботе надоштанд.
XS
SM
MD
LG