Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибеки Мурод, овозхони ҷавони тоҷик, чанд таронаеро бо яке аз забонҳои помирӣ иҷро карда, ба мухлисонаш тақдим намудааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибеки Мурод, мегӯяд, овозхони ҷавони тоҷик ба ин васила мехоҳад, теъдоди ҳаводоронашро дар вилояти Бадахшон ҳам бештар бикунад.

"Бинобар ин, дар албоми тозаи Ҷонибеки Мурод, ки қарор аст, моҳҳои наздик рӯи кор ояд, чанд тарона бо яке аз забонҳои помирӣ суруда шудааст",-гуфт дар сӯҳбат бо мо Беҳрӯз Зеваров.

Ӯ илова кард, ки Ҷонибеки Мурод тасмим гирифтааст, аз ин ба баъд санаи 20-уми ҳар моҳ барои мухлисонаш як оҳанг ва ё як клипи тозае тақдим намояд. Дар айни ҳол Ҷонибеки Мурод барои сабти таронаҳои наваш дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад.

Ҷонибеки Мурод фарзанди хурдии овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод буда, тақрибан 11 сол ба ин сӯ дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар солҳои 2009 ва 2011 Big Apple Music Award, яке аз ҷоизаҳои мӯътабари мусиқии форсизабонони дунёро ба даст овард.

Гуфтанист, то кунун Ҷонибеки Мурод чаҳор албоми оҳангҳояшро ба мухлисон тақдим карда ва яке аз овозхонҳои сермаҳсул ва пурҳаводор дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG