Пайвандҳои дастрасӣ

Ин "мулоқот"-и овозхон ва мухлис дар амвоҷи ҳаво бо миёнаравии Радиои Озодӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҳоле ки овозхони ҷавони тоҷик Ҷонибеки Мурод дар паи фатҳи саҳнаҳои кишварҳои олам шудааст, як ҳаводори олмонӣ саъй дорад, оҳангҳои ӯро ба забони асл аз ёд кунад.

Чанд рӯз пеш, вақте Ҷонибеки Мурод меҳмони маҷаллаи мусиқии Радиои Озодӣ буд, иттилоъ дод, ки барои ширкат дар ҷашнвораи мусиқӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар мекунад. Вале Ҷонибекро дар Амрико пайдо кардаму пурсидам, ки дар он ҷо чӣ мекунад?

Ҷонибеки Мурод: “Ман ба Лос Анҷелеси ИМА барои наворгирии клип омадаам. Сабти клип даҳ рӯзро дар бар хоҳад гирифт, имрӯз се рӯз мешавад, ки мо наворгириро давом медиҳем. Оҳангро бо ду забон: русӣ ва форсӣ сабт хоҳад кард.“

Радиои Озодӣ:
Хуб, Ҷонибек, ҷашнвораи Остона чӣ хел гузашт?

Ҷонибеки Мурод: “Моро бисёр хуб қабул карданд. Вақте дар
Каролина, мухлиси таронаҳои Ҷонибек
стадион оҳанги “Мастам”-ро хондам, мардум дар табақаи дуюм ҳам хеста, рақс карданд. Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки моро дар Қазоқистон бо чунин шаҳомат пешвоз мегиранд.”

Радиои Озодӣ:
Зимнан, Ҷонибек, як донишҷӯи олмонӣ, муҳассили донишгоҳи Ҳумболдти Берлин бо номи Каролина мафтуни оҳангҳои шумо шудаасту мехоҳад, як оҳанги шуморо замзама кунад. Ҳоло ӯ дар хатти телефон бо мост ва ба шумо салом мефиристад.

Ҷонибеки Мурод: “Салом Каролина!”

Каролина: “Ман аз шаҳри Колон ҳастам, вале ҳоло дар Берлин таҳсил дорам.”

Ҷонибеки Мурод:
“Ман Берлинро зиёд дӯст дорам.”

Каролина:
“Модоме ки Берлин маъқул бошад, кай дар ин ҷо ҳунарнамоӣ мекунед?”

Ҷонибеки Мурод:
“Шояд моҳҳои май ва ё июн.Вақте ба Берлин омадам, ҳатман Шумо ва дугонаҳоятонро ба консерт даъват мекунам.“

Каролина:
“Ташкккур, мо мунтазир мешавем.”

Радиои Озодӣ:
Ҷонибек, вақте ман хатти телефони Шуморо бо Олмон пайваст кардам, ба Каролина ваъда додам, ки Шумо як оҳангро маҳз барои ӯ дар телефон хоҳед хонд.

Ҷонибеки Мурод: “Хуб, Каролина кадом оҳангро хонам?”

Каролина:
“Мастам”

Ҷонибек
Оҳанги "Мастам" дар иҷрои Ҷонибек.


Радиои Озодӣ: Ташаккур аз Ҷонибек, вале мехоҳам акнун ин оҳангро дар иҷрои Каролина бишнавем:

Оҳанги "Мастам" дар иҷрои Каролина.
Каролина


Радиои Озодӣ: Ташаккур аз Каролина. Умедворам, ки вақте шумо-Ҷонибек, ин оҳангро дар консерти Берлин тақдим намудед, Каролинаро барои кумак ба саҳна даъват мекунед.

Каролина:
“Ҷонибек, чаро шумо ба забони англисӣ намехонед. Садои Шумо хеле хуб аст. Фикр мекунам, агар ба забони англисӣ ҳам мехондед, шумораи ҳаводоронатон дар Аврупо бештар мешуд.”

Ҷонибеки Мурод:
“Ман бо шумо мувофиқам. Ҳоло дар Лос Анҷелес наворгирии клипро ба анҷом расонам, оҳанги ояндаро ба забони англисӣ хоҳам хонд. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG