Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафиқа Мӯсоева мудири "Душанбе плаза"


Рафиқа Мӯсоева, вазири пешини ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо дастури шаҳрдори Душанбе мудири Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» таъин шудааст.

Дар ин бора Шавкат Сайидов, суханӯи раиси шаҳри Душанбе ба радиои «Озодӣ» хабар дод.

Зимнан, Рафиқа Мӯсоева, собиқ котиби кумитаи ноҳиявии ҲК дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар нимаи аввали солҳои навад ба туфайли вакили порлумон интихоб шуданаш дар ҷомеъа муаррифӣ шуд ва яке мухолифони сарсахти ҳаракатҳои озодихоҳӣ, демократӣ ва истиқлоли Тоҷикистон буд. Ӯ аз ҷумлаи коммунистоне буд, ки то охирин лаҳза ҷонибдори барпоии СССР боқӣ монда буданд.

Рафиқа Мӯсоева, номзади илмҳои техникӣ, дар соли 1975 Донишкадаи техникиро бо рўи ихтисоси «муҳандис-электрик» хатм кардааст. Вай солҳои зиёд дар дастгоҳи Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва комсомол дар замони шӯравӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд ва солҳои 2001-2003 дар мансаби вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор кардааст.

Рафиқа Мӯсоева баъди барканор шуданаш аз мақоми вазорати ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2003 роҳбарии Ассосиасияи энергетикҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда доштааст.

Бинои «Душанбе Плаза» баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад. «Душанбе Плаза» дорои 22 ошёна буда, баландиаш 92 метр ва масоҳати умумиаш 40 ҳазор метри мураббаъ аст. «Душанбе Плаза» дорои чанд тарабхона , толори баргузории маҷлис, меҳмонхона ва ду таҳхона-истгоҳи мошин, ки барои 100 автомобил мебошад. Ин бино 12 лифт дорад.
XS
SM
MD
LG