Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон дар Пекин тарҳи роҳи оҳани минтақаиро баррасӣ карданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмие дар Чин аст, дар дидоре бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро баррасӣ кард. Ин мулоқот дар арафаи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳоми Шонгҳой ҷараён гирифта, Аҳмаднажод ба ҳайси меҳмон ба ин ҳамоиш даъват шудааст.

Бино бар хабари торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар ин сӯҳбат ба тарҳҳои дигари ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба низ расидагӣ карданд. Онҳо, аз ҷумла, ба зарурати ифтитоҳи зудтари чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", итмоми бунёди нақби "Истиқлол", оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар рӯдхонаи Зарафшон таъкид намуданд.

Аммо мавзӯи асосии сӯҳбат ба тарҳи нави роҳи оҳане бастагӣ дошт, ки қарор аст, Чинро бо Эрон пайванд кунад. Як бахши ин роҳ аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт. Тавофуқ сари ипн тарҳ дар нишасти ахири Комиссияи байнидавлатии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон ба даст омад.

Торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки "гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар лоиҳаҳои судбахши дуҷониба ва ҳамгироии Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби муносибатҳои сеҷониба бо Афғонистон, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт."

Ахиран ҷаласаи ҳайатҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон доир шуд. Зимни он дар барои харидории нафти хоми Эрон аз сӯи Тоҷикистон ва содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Эрон изҳори омодагӣ шудааст.

Аз соли 2010 Русия, ки содиркунандаи аслии маводи нафтӣ ба Тоҷикистон аст, боҷи гумрукиро барои содироти нафт ба Тоҷикистон ҷорӣ кард. Феълан Тоҷикистон дар талоши ёфтани роҳҳои алтернативии воридоти маҳсулоти нафтӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG