Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенте, ки рақсро дӯст медорад...


Раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров ҳамаи аъзои ҳукумати худро аз мақомашон барканор кард.

Истеъфои саросарии ҳукумати Чеченистон, ки бо як фармони раисиҷумҳур Рамзан Қодиров ба вуқӯъ пайваст, шарҳ дода намешавад. Дар ин фармони кӯтоҳ ӯ гуфтааст, “ба хотирои иҷрои вазифаҳои нав” бояд ҳукумати нав таъсис дода шавад. Аммо раҳбари ин ҷумҳурии Русия нагуфтааст, кай аъзои ҳукумати нави худро эълом хоҳад дошт.

Павел Салин, коршиноси Маркази “Сиёсати муосир”, як пажӯҳишгоҳи наздик ба Кремл ба нашрияи “The Moscow Times” гуфтааст, Қодиров мумкин аст, мехоҳад, фаъолияте нишон диҳад, то аз эҳтимоли коҳиши ёронаҳои Маскав пешгирӣ намояд. Чеченистон ва дигар ҷамоҳири Қафқози Шимолӣ тақрибан ба таври комил аз тарафи буҷаи федеролии Русия сармоягузорӣ мешаванд ва ин ҳолат миллатгароёнро таҳрик додааст, шиори “Сер кардани Қафқоз қатъ шавад”-ро ба миён гузоранд. Ин ҳам дар ҳоле ки чанде аз миллатгароён дар ҳукумати нави Путин ҷойгоҳи қавӣ пайдо кардаанд.

Моҳи ноябри соли 2011 Палатаи ҳисоби Русия хабар дод, ки 18 миллиард рубл (580 миллион доллар) ё тақрибан 10 дарсади сармоягузориҳои федерол дар ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ ба таври “ғайримақсаднок” истифода шудаанд. Дар соли 2010 Маскав танҳо барои Чеченистон 52 миллиард рубл ё 1 миллиарду 700 миллион доллар ҷудо карда буд.

Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров ба чунин иттиҳомот посух намедиҳад ва ҳам ба қазияҳои поймол шудани ҳуқуқи инсон дар кишвараш низ таваҷҷӯҳ намекунад, ягон имконияти рақсиданро раҳо наменамояд. Вай рақсро бисёр дӯст медорад ва атрофиёнаш ин дастурро доранд, ки бояд ҳангоми рақси ӯ кафкӯбӣ кунанд.

Дар ин нигористони аксҳо метавон дид, ки Қодиров чи дар маъракаҳои сиёсӣ ё ҷашнҳои расмӣ ва чи дар варзишгоҳ ё фурудгоҳ бо нахустин садои мусиқӣ ба рақс медарояд. Файласуфе гуфтааст, вақте дасту пой ба сози мусиқӣ дар ҳаракатанд, сару мағз истироҳат мекунанд.

XS
SM
MD
LG