Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Суғд гурӯҳи 17-нафарии мансуб ба Ҳаракати Исломии Узбакистонро аз 9 то 23-солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ин афродро мутобиқи бандҳои «иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ» ва «дигар созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ» -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор кардааст. Ин дар ҳолест, ки додситонӣ барои ин афрод аз 11 то 25 сол ҳукми зиндон хоста буд.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба додгоҳи Суғд, ин гурӯҳ мансуб ба Ҳаракати Исломии Узбакистон буда, бархе аз онҳо дар охирҳои солҳои навади асри гузашта дар Покистон ва Афғонистон таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд. Ин манбаъ афзуд, ин афрод сокинонро ба шомил шудан ба сафи худ даъват карда, наворҳои дорои мазмуни тундгароиро якҷоя тамошо мекардаанд. Созмони мазкур ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ шомил шудааст.

Аммо афроди айбдоршаванда худро қисман гунаҳкор дониста, иштироки худ дар кадом иттиҳод ё созмони ҷиноиро рад кардаанд. Бархе аз вакилони дифои ин афрод мегӯянд, ки нафарони таҳти ҳимояи онҳо зери шиканҷаи мақомоти тафтишотӣ, айбҳои алайҳи онҳо пешниҳодшударо бар дӯш гирифтаанд.

16 нафар аз ин афрод сокинони ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз 22 то 50 сол доранд. Азамат Хӯҷамқулов, сокини ноҳияи Ғафуров ҷавонтарини аз гурӯҳи мазкур аст. Ин гурӯҳ моҳҳои октябр – ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони амниятиву интизомӣ боздошт шуда, мурофиаи парвандаи онҳо моҳи апрел дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд оғоз шуда буд.

Моҳи гузашта додгоҳи Суғд 34 узви Ҳаракати исломии Узбакистонро, ки сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, аз 8 то 28 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Бархе аз вакилони дифои онҳо ба иддаои он, ки зерҳимояҳояшон зери лату кӯб ва шиканҷаи мақомоти тафтишоти аввалия ба содир кардани «гуноҳҳои нокарда» иқрор шудаанд, хостори бозбинии парванда дар зинаи болоии додгоҳӣ шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG