Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният куштор дар Сурияро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ “бо лаҳни ҳаддалимкон шадидтарин” давлати Сурияро барои куштори мардуми Ҳуло маҳкум кард.

Қарори 15 узви ин Шӯро мегӯяд, ҳамлаҳои пурқурбонӣ “силсилаи тирборони минтақаи аҳолинишин аз сӯи тӯпу тонкҳоро дар бар мегирифт.”

Шӯрои Амният аз раисиҷумҳури Сурия Башор асад тақозо кард, то силоҳҳои сангинро аз шаҳрҳо берун бикашад. Шӯрои Амният гуфт, чунин истифодаи хашмовари нирӯ алайҳи мардуми мулкӣ қонуни байналмилалӣ ва тааҳҳудоти давлати Сурия дар чаҳорчӯби қатъномаҳои ин Шӯроро поймол мекунад.

Раҳбари ҳайъати нозирони СММ дар Сурия генерали норвегӣ Роберт Муд тавассути тамоси видеоӣ аз Димишқ ба Шӯрои Амният гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 25 май дар Ҳуло 108 нафар кушта ва 300 тан захмӣ шудаанд.

Ҷиҳод Мақдисӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия.
Ҷиҳод Мақдисӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия.
Аммо давлати Сурия “террористҳо”-ро масъули ин хунрезӣ номид ва гуфт, тонкҳои артиш дар он минтақа набуданд. Ҷиҳод Мақдисӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Сурия рӯзи якшанбе гуфт: “Мо ба таври қотеъ масъулияти нирӯҳои давлатӣ дар ин куштори рухдодаро рад мекунем. Мо ин куштори террористиро, ки сароҳатан мардуми Сурия – занону кӯдакон ва мӯсафедонро ба ҳадаф дошт, шадидан маҳкум мекунем. “

Мақдисӣ гуфт, давлат барои таҳқиқи қазия як кумитаи тафтишотии низомиро ташкил додааст, ки бояд дар зарфи 3 рӯз натоиҷи таҳқиқоти худро эълом кунад.Ноиби сафири Русия дар СММ низ гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, ки аксари қурбониҳо бар асари тӯпборон буданд ё чизи дигар. Ба гуфтаи Александр Панкин, аксар дар Ҳуло ё аз наздик кушта шудаанд, ё бо зарби корд.

Аммо ба гуфтаи мухолифин, Ҳуло дар пайи як эътирози густардаи зидди давлати Башор Асад ва даргирии нирӯҳои давлатӣ бо чирикиҳои суннӣ ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои “Шабиҳа”- як созмони шибҳанизомии содиқ ба режим қарор гирифт. Ин созмон асосан аз ҳисоби пайравони алавиҳо, як ақалияти мазҳабӣ, ки Башор Асад низ пайрави он аст, ташкил шудааст. Фаъолони мухолифин мегӯянд, афроди “Шабиҳа” аз рустоҳои атрофи алавинишин ба Ҳуло ҳамла оварда, мардонро дар кӯчаҳо парронданд ва занону кӯдаконро дар хонаҳояшон бо корд зада куштанд.

Бо ин ҳол, бо вуҷуди мавҷи маҳкумияти байналмилалӣ, артиши Сурия ба бомббори пойгоҳҳои мухолифин дар чандин бахши ин кишвари ошӯбзада идома медиҳад. Дар пайи бурузи даргириҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва мухолифин, нирӯҳои амниятии Ироқ субҳи якшанбе дар марзи ин кишвар бо Сурия мустақар шуданд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико
Нозирони СММ рӯзҳои ҷумъаву шанбе талош карданд, то барои таҳқиқи қазия вориди Ҳуло шаванд, вале нирӯҳои давлатӣ пеши роҳи онҳоро гирифтаанд.
Баъди чанде дар Интернет наворҳое нашр шуд, ки аҷсоди хунин ва кӯдакони кушташударо намоиш медод. Ин наворҳо, ки нақзи ошкори оташбас дар Сурияро ба намоиш мегузошт, дунёро таккон дод ва ба хашм овард.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҳамла ба Ҳулоро “куштори ҷамъӣ” ва “бераҳмӣ” хонд ва гуфт, омилонаш бояд ба масъулият кашонда шаванд. Клинтон гуфт, Амрико ҳамкориро бо ҷомиаи байналмилалӣ ба хотири афзоиши фишор ба режими Асад ва атрофиёни ӯ идома хоҳад дод. Клинтон гуфт, “ҳукумати мабнӣ бар қатлу тарсдиҳии онҳо бояд ба поён бирасад.” Роберт Муд, раҳбари нозирони СММ ин ҳамларо маҳкум кард ва “нобахшиданӣ” номид.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ва фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Анон куштори Ҳулоро нақзи “ваҳшиёна”-и қонунҳои байналмилалӣ аз сӯи режими Башор Асад хонда, аз артиши Сурия тақозо карданд, то истифодаи тӯпу тонк ва дигар анвоъи силоҳҳои сақил алайҳи мардуми мулкиро билофосила бас кунад. Онҳо ҳамин тавр, аз давлати Сурия хостанд, то ҳар навъ хушунат аз сӯи низомиҳо ва шибҳанизомиҳои тарафдорашро қатъ кунад.

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё.
Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё.
Интизор меравад, Куфӣ Анон рӯзи 28 май вориди Димишқ шавад ва пеш аз ҳама, бо ҳадафи баррасии қазияи Ҳуло ва интиқодҳои афзояндаи байналмилалӣ аз режими Асад. Лигаи Араб гуфт, рӯзи 2 июн дар Қатар барои баҳси ин қазия як нишасти изтирорӣ даъват мекунад.

Куштори Ҳулоро Бритониёву Фаронса низ шадидан маҳкум карданд. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг дирӯз дар Маскав изҳори умед кард, ки Русия – танҳо муттаҳиди бузурги Сурия – ба иҷрои тарҳи сулҳи Куфӣ Анон мусоидати бештар хоҳад кард: “Ман умедворам, ки Русия талошҳояш барои ташвиқи режими Асад ба иҷрои ин тарҳро бамаротиб хоҳад афзуд. Ба вартаи хунрезии бештар ва ҷанги комили шаҳрвандӣ рафтани Сурия ба нафъи на Русия аст ва на ягон каси дигар дар дунё. Ин хатар ҳоло пеш омадааст.”

Ба ҳисоби СММ, тайи 14 моҳи ошӯбҳои Сурия алакай дастикам 10 000 нафар ҷон бохтаанд. Дар моҳи апрел давлати Сурия ва мухолифинаш тарҳи сулҳи иборат аз 6 банди Куфӣ Анонро пазируфтанд, ки аз ҷумла оташбас ва берун кашидани силоҳҳои сақил аз шаҳрҳоро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG