Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ ду инфиҷори фоҷеаомез дар Димишқ - пойтахти Сурияро маҳкум кард.

Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, ки дар ин таркишҳо дастикам 55 нафар кушта, 370 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар 14 моҳи гузашта аз оғози норизоятиҳо ва эътирозҳо бар зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия, таркишҳои дирӯз хунинтарин ҳодиса дар Димишқ будааст.

Дабири кулли СММ аз ҳар ду ҷониб хост, ки ба даргириҳо хотима диҳанд ва нақшаҳои сулҳ, аз ҷумла оташбасро риоят кунанд. Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия, тарҳи ин оташбасро пешниҳод кардааст ва онро ҷомеаи байналмиллалӣ пазируфтаанд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ

Мартин Несирки, сухангӯи Бан Ки Мун гуфт: “Дабири Кулли СММ ин нуктаро борҳо таъкид кардааст ва вай бори дигар имрӯз такрор мекунад. Аз ҳар ду ҷониб қотеона даъват мешавад, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд ва ба ҳар навъ хушунат хотима диҳанд, аз мардум ҳимоят кунанд ва худро аз бамгузориҳо ва амалҳои дигари терорристӣ орӣ донанд. Албатта, ба ман иҷоза диҳед бигӯям, ки Дабири кулли СММ ҳамлаҳои Димишқро, ки дар онҳо бештар аз 50 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, сахт маҳкум мекунад”.

Амрикову Русия ва Иттиҳодияи Аврупо низ ин ҳамлаҳоро маҳкум карданд, вале Маскав баъзе кишварҳои “номаълум”-и хориҷиро барои таҳрики чунин хушунату нооромиҳо муттаҳам кард.

Леон Панетта, вазири дифои Амрико

Леон Панетта, вазири дифои Амрико

Леон Панетта, вазири дифои Амрико гуфт, ки кишвараш ҳамчунон аз вазъи Сурия нигарон аст, бори дигар даъват кард, ки Башор Асад аз мақомаш истеъфо диҳад.

“Возеҳ аст, ки вазъ дар Сурия боиси нигаронии амиқ мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки оташбас асар надорад. Худи Аннон ҳам аз нигарониҳояш ишора кард, ки оё ҷонибҳо оташбасро риоят мекунанд ё хайр. Мо ҳамчунон аз Асад даъват мекунем, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Дар он ҷо бояд тағйирот ба вуҷуд ояд. Давлат эътибори қонунии худро аз даст додааст, зеро дар Сурия шумораи зиёди одамон кушта шуданд.”

Касе ё нерӯе масъулияти бамгузориҳои дирӯзро ба дӯш нагирифтааст, вале ҷониби ҳукумат ва мухолифон барои ин бамгузориҳо якдигарро муттаҳам кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG