Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи аввали музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Бағдод бидуни натиҷаи мушаххасе поён ёфтааст.

Музокирот миёни Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ - Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Амрико бар изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон барои як рӯзи дигар тамдид карда шуд. Дирӯз (23-юми май) дар ин гуфтушунид дар Бағдод дипломатҳо ба натиҷае нарасиданд.

Ба гуфтаи намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, аз Эрон даъват шудааст, то аз ғанисозии ураниуме, ки метавонад барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шавад, даст бардорад. Аммо Теҳрон чун пештара пойфишорӣ мекунад, ки ғанисозии ураниум ҳаққи кишвар аст ва барномаи ҳастаияш низ фақат аҳдофи осоишта дорад. “Шашгона” пешниҳодҳои худро ба ҳайати Эрон пешниҳод кард, вале ҳарчанд Теҳрон ба он посухи расмӣ надодааст, расонаҳои давлатӣ онҳоро “бидуни таносуб” ва “кӯҳнашуда” номидаанд.

Дар бораи он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Эрон чӣ пешниҳодҳои мушаххас кардааст, иттилое зери даст нест. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Виктория Нуланд низ аз ошкор намудани бастаи пешниҳодҳо худдорӣ кард, аммо дар айни замон гуфт, ҳадафи аслии пешниҳодҳо - эҳёи ботадриҷи эътимод дар музокирот аст. Ӯ афзуд, ин пешниҳодҳо ба Эрон имкон медиҳанд, ки аҳдофи осоишта доштани барномаи ҳастаии худро собит созад. Ба гуфтаи хонум Нуланд, агар Эрон мехоҳад фазои эътимодро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод кунад, бояд ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро кунад.

Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Расонаҳои давлатии Эрон ахиран навиштанд, ки Теҳрон ҳам дар нишасти Бағдод бастаи нави пешниҳодҳои худ ба “шашгона” иборат аз 5 бандро пешниҳод кардааст. Аммо мӯҳтавои ин пешниҳодҳо низ ошкор нашудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Эрон мехоҳад, ба ивази иҷозаи вуруд додан ба нозирони байнулмилалӣ, таҳримҳо алайҳи кишвар лағв карда шаванд. Аммо Майкл Манн, сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон дар мавриди мавқеи Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, “мо режими таҳримҳоро фақат ҳамчун вокуниш ба дигаргуниҳои мушаххас ва на ба ҳарфу ваъдаҳо метавонем сабуктар созем. Мо дигаргуниҳои рӯшану дақиқро интизорем.”

Даври аввали музокироти миёни “шашгона” ва Теҳрон оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Истанбул (Туркия) бидуни натиҷа поён ёфта буд.

Қабл аз музокироти Бағдод мақомоти Эрон омодагии худро барои ба муассисаҳои ҳастаӣ иҷозаи вуруд додани нозирони МАГАТЭ-ро эълом дошт. Юкия Амано, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, баъд аз бозгашт аз Теҳрон изҳор намуд, ки мақомоти Эрон барои тафтиши муассисаҳои ҳастаӣ аз сӯи нозирони байнулмилалӣ ризоят додаанд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки нозирон имкони боздид аз корхонаи ҳастаии Порчин, воқеъ дар канори Теҳронро низ хоҳанд дошт. Бори ахир нозирони МАГАТЭ соли 2005 аз Порчин дидан карда буданд.

То кунун Теҳрон аллакай чаҳор бор мавриди таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор гирифтааст. Виктория Нуланд мегӯяд, маҳз таъсири ҳамин таҳримҳо Теҳронро маҷбур сохтааст, ки сари мизи музокирот бо “шашгона” баргардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG