Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Амано ба Теҳрон қабл аз музокироти Бағдод


Юкия Амано, раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ)

Юкия Амано, раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ)

Юкия Амоно дар Теҳрон бо Фаридун Аббосӣ, раиси созмони энержии атомии Эрон, гуфтугӯ анҷом додааст.

Юкия Амоно, раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ), бомдоди рӯзи душанбе, 21-уми май, ҳамроҳ бо муовинони худ вориди Теҳрон шуд.

Хабаргузории ИРНА гузориш медиҳад, ки дар ин сафари якрӯзаи худ Омано бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ва Саид Ҷалилӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар низ дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

Сафари Юкия Амоно ба Теҳрон пас аз музокироти ҳастаии гузаштаи Эрон ва МАГАТЭ дар Вена ва дуруст ду рӯз қабл аз музокироти сарнавиштсози Эрон дар Бағдод сурат гирифтааст. Раиси МАГАТЭ шаби якшанбе, пеш аз сафар ба Теҳрон, ибрози умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳояш бо мақомҳои эронӣ самарабахш бошанд.

Вай ба хабарнигорон дар Вена гуфт, "ҳеҷ чиз қатъӣ нест, аммо ҳамчунон диди мусбат хоҳам дошт ва бо рӯҳияи созанда ба Теҳрон меравам. Дар тӯли музокироти ахир пешрафти хубе миёни Эрон ва Оҷонс ҳосил шуд. Аз ин рӯ, ман гумон мекунам, акнун замони муносибе аст, то ба Теҳрон рафт ва гуфтугӯҳои мустақим бо мақомоти баландпояи эронӣ дошт."

Як рӯз пеш аз ин сафари Омано ба Теҳрон раҳбарони G8, ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон, дар Вашингтон эълон карданд, ки дар бораи барномаи ҳастаии Эрон як мавқеъ доранд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар поёни ин нишаст гуфт, "ҳамаи мо ба таври ҷиддӣ ба идомаи стратегияи таҳримҳо ва фишор ба ҳамроҳи гуфтугӯҳои дипломатӣ пойбандем."

Вай илова кард, "умеди мо ин аст, ки битавонем, ин мавзӯъро ба шеваҳои сулҳмомез ҳаллу фасл кунем. Ба тавре, ки ҳаққи ҳокимияти миллӣ ва ҳуқуқи Эрон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳтарам шумурда шавад ва дар айни ҳол Эрон ба масъулияти бештар водор карда шавад."

Эрон беш аз чаҳор сол боз нозирони МАГАТЭ-ро ба муассисаҳои ҳастаии худ роҳ надода ва аз пешниҳоди санадҳои зарурӣ ба Оҷонс (МАГАТЭ) худдорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG