Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазир "ҷанги мактаб"-ҳоро натиҷаи маҳалгароӣ донист


Мулоқоти мақомот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Мулоқоти мақомот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Мақомоти тоҷик бо донишҷӯён мавзӯъҳои марбут ба ҷинояткорӣ дар миёни ҷавононро баррасӣ карданд.

Ин мулоқот бо ибтикори вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занони Тоҷикистон дар бинои Донишгоҳи миллӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Марҳабо Ҳалимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ширкат карданд.

Ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи ҷинояткории наврасону ҷавонон ва дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили расонидани зарари сахти ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, роҳзаниву ғоратгарӣ даст доштани онҳо зарурати ин гуфтугӯро ба миён овардааст.

Гӯшае аз нишаст

Гӯшае аз нишаст

Рамазон Раҳимов гуфт, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонони донишҷӯ мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Зеро ба таъкиди вай, танҳо аз оғози сол то имрӯз 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд ва 6 нафари онҳо донишҷӯ буданд.

Қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, афзоиши гирифторони вируси ВИЧ-СПИД, танфурӯшӣ ва ҳатто истифодаи маводи синтетикии нашъаовар дар марказҳои дилхушӣ тавассути ҷавонон низ аз нигарониҳоест, ки дар ин мулоқот таъкид шуданд.

Вазири корҳои дохилӣ ба мавридҳои, ба истилоҳ "ҷангҳои мактабӣ" миёни хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе низ ишора карда ва сабаби аслии ин гуна падидаи номатлубро дар вуҷуди маҳалгароӣ миёни ин ҷавонон арзёбӣ намуд.



Аммо Марҳабо Ҳалимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистонро бештар фурӯпошии оилаҳои ҷавон ба ташвиш овардааст. Вай гуфт, бар асоси омори расмӣ дар тӯли 3 моҳи ахир наздики ду ҳазор хонавода аз ҳам пошидааст.

Маликшо Неъматов

Маликшо Неъматов

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки бар асоси омор 23 дарсади ҷиноятҳоро насли ҷавон содир кардаанд, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон, аз як сӯ бемасъулиятии волидайн ва аз сӯи дигар бетафовутии ҷомеаро боиси дар рӯҳияи носолим парвариш ёфтани бархе аз ҷавонону наврасон унвон кард: "Ман ҳар боре, ки бо варзишгарон сӯҳбат мекунам, ба онҳо мегӯям, ба шумо Худованд бозу додааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо ба сари касе мушт бардоред. Ҳар боре, ки хиҷил мешавед ва ё нафаре шуморо маҷбур мекунад, ки ба хотири ҳимояи худ коре кунад, дастҳоятонро ба киса андозед."

Аммо ба таъкиди Неъматов, ҷалби ҷавонон ба варзиш метавонад онҳоро аз ҷинояткорӣ дур кунад. Ба гуфтаи вай, дар соли 2011 варзишгарони тоҷик 307 медал оварданд. Ва дар соле, ки гузашт Тоҷикистон 15 қаҳрамони ҷаҳон ва Осиёро тарбият карда, аллакай 12 роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондонро соҳиб шудааст.

Пас аз ибрози назари вазири корҳои дохилӣ, раиси кумитаи ҷавонон ва муовини раиси кумитаи занон иддае аз донишҷӯён саволҳои худро матраҳ карда ва посух гирифтанд.

Ба таъкиди устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон, баргузории ин гуна мулоқот метавонад барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат кунад. Зеро ба гуфтаи онҳо, чунин имконият, яъне мулоқот бо мақомоти марбута хеле кам ва тақрибан ки сурат намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG