Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи маводи мухаддир - "касб"-и нави ҷавонон?


Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол маводи мухаддири дар кишвар мусодирашударо месӯзонанд
Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол маводи мухаддири дар кишвар мусодирашударо месӯзонанд

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар қочоқи маводи мухаддир аксаран ҷавонон даст доранд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз даҳ далели нигоҳдории маводи мухаддир дар чанд рӯзи пеш ёдоварӣ кард, ки 90 дарсади қочоқгарони он ҷавонон будаанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, қочоқчиёни маводи мухаддир ҳамчунин аз нерӯи занони ҷавон барои интиқоли маводи мухаддир истифода мекунанд.

Ҷаноби Асадуллоев афзуд, мақомот аз парвози ҷавонзани 28-сола дар хатсайри Душанбе-Маскав ҷилавгирӣ кардаанд, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир мазнун будааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
"Кормандони гумруки фурудгоҳи раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри самти Душанбе-Москав аз дохили астари гиребони палто аз зани ҷавон 38 дона, аз таги миёнбанди занона 36 дона ва аз меъдаи ӯ 13 дона, ҷамъ 87 ғилофаки селофании хокаи сафеди монанд ба героинро дарёфт ва мусодира намуданд"
,-афзуд ӯ.

Мушаррафа Ҳомидҷонова, масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, мегӯяд, боис ба нигаронист, ки интиқоли маводи нашъаовар аз ҷониби занон бештар ба қайд гирифта мешавад.

Бо вуҷуди нашри чандин далелҳои мақомот дар мавриди ба марг оварда расонидани занон бо иллати дар бадани худ ҷой додани маводи мухаддир, ин ҳодиса ҳанӯз коҳиш наёфтааст.

Гуфта мешавад, маъмулан занҳои ҷавони танҳо, ки бо кӯдакони худ дар зиндагӣ мушкили иқтисодӣ ва равонӣ доранд, аз тарафи гӯруҳҳои «касбӣ» барои интиқоли маводи мухаддир дар бадани худ истифода мешаванд.

Дар ҳоле ки ин амал на танҳо ба саломатӣ хатар дорад, балки ба истилоҳ "дониста ба марг рӯ ба рӯ шудан аст."

Фаридуни Раҳнавард, таҳлилгари ҷавон, мегӯяд, ниёзи ҷавонон ба ҷойи кор ва шароит барои зиндагии шоиста, ки то ҳол ҳалли мусбати худро наёфта ва хостаҳояшон беҷавоб мондааст, вазъи ҷинояткории онҳо шиддат хоҳад гирифт.

"Набуди чунин шароит на танҳо ҷавононро ҳатто калонсолонро ҳам ба содир кардани ҳолатҳои қочоқи маводи мухаддир маҷбур мекунад. Барои пешгирии ин ҳолат, бояд давлатмардон тадбир андешанд ва барномаи давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳаёти шоиста ва фазои муносибро барои фаъолиятҳои касбии ҷавонон ва ҷомеа фароҳам кунанд"
,-илова кард ӯ.

Бино ба иттилои мақомоти гумрук, дар соли 2010 бештар аз 37 тан ба ҷурми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки 9 нафари онҳо занонанд. Аз аввали соли ҷорӣ бошад, 3 нафар мард ва 3 нафар зан бо ҷурми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG