Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Абай ҳамчун рамзи мухолифат ба Путин


Владимир Путин дар расми ифтитоҳи ҳайкали Абай дар Маскав, 4 апрели соли 2006.

Владимир Путин дар расми ифтитоҳи ҳайкали Абай дар Маскав, 4 апрели соли 2006.

Як ибораи тасодуфии блогнависи рус Алексей Навалний номи шоири қазоқро вирди забонҳо кард.

Таркиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шиддати ҳаракати эътирозӣ дар Маскав дар ду рӯз таваҷҷӯҳи бесобиқаеро ба шахси шоир ва файласуфи қазоқ эҷод кард.

Ҳамаи ин аз як сухани сарироҳии блогнавис Алексей Навалний сар шуд, ки бо баромадан аз боздоштгоҳ ба тарафдоронаш шиор дод, ки дар назди ҳайкали Абай дар маркази Маскав ҷамъ оянд. Вай гуфт: “Ману Удалтсовро озод карданд, ба Чистие пруди, ба назди ҳайкали қазоқи нофаҳмо меравем!» Ин сухан мавҷи эҳсосотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Таваҷҷӯҳ ба шоири қазоқ аз ду тараф боло гирифт, ҳам аз ҷониби қазоқҳои сокини шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз «бехабарии Навалний» ба хашм омаданд ва ҳам аз ҷониби тарафдорони Навалний, ки шабакаро суолборон карданд: «Кист ин қазоқи нофаҳмо?» Ҳамзамон дар Твиттер хештег ё барчаспи «Оккупай Абай» пайдо шуд, ки ба маънои даъвати ҷамъомад дар назди ҳайкали Абай аст.

Твиттериёни қазоқ навиштанд, ки «Абай Қунанбоев инқилобиёни Русия ва Қазоқистонро муттаҳид мекунад» ё “Оккупай Абай ба ман аз он ҷиҳат писанд аст, ки номи шоири мо аз сарлавҳаҳо намеафтад”. Яке аз онҳо хабар додааст, ки “Назарбоев масъалаи устувор кардани ҳайкали Абайро дар маркази Бишкек пешниҳод кард. Абай дар Қарағанда ҳам ҳаст.” Твиттердори дигар, Виталий Пастухов навиштааст, имрӯз ба китобхона рафта, ашъори Абайро ҷустуҷӯ мекунад, зеро халқ бояд қаҳрамонони худро донад.

Блогнависе бо тахаллуси “Друг” дар Live Jornal навишт: «Абай Қунанбоев аз унсури расмӣ ва намоишгоҳи муносибатҳои Русияву Қазоқистон ба як рамзе табдил ёфт, ки шабеҳи ҳайкали Пушкин барои дигарандешони замони шӯравист. Эҳтимолан, шоир бузурги қазоқ Абай, ки дар шакли ҳайкал дар хиёбони Чистие пруди нигшастааст, ба ҳайрат хоҳад омад, ки издиҳоми ғайримаъмулии одамон дар атрофи ӯ ин қадар рӯз чӣ кор мекунад. Ҳамин тавр ба шапрофати Путин ва дастаи ӯ одамони зиёде бо Абай шинос мешаванд (изофатан ӯро Навалний дар блоги худ машҳуртар кард).”

Тасодуф ин аст, ки дар моҳи апрели соли 2006 Владимир Путин дар расми ифтитоҳи ҳайкали Абай дар хиёбоне ширкат кард, ки сафорати Қазоқистон дар он ҷост. Дар ин маросим раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ ширкат дошт.

Боз як тасодуф – ҳайкали Абай дар Алмато низ ҷойи ҷамъомади мухолифони қазоқ ва хайрхоҳони онҳост, зеро мисли Маскав мақомот ягон майдони озоди дигарро дар маркази шаҳр барои мухолифон боқӣ нагузоштанд. Аз аввали сол то ҳоло чандин бор мухолифони қазоқ дар пояи ҳафйкали Абай дар Алмато тазоҳурот барпо карданд.
Телевизиони интернетии “Дожд”-и Русия як навореро дар бораи шахсияти Абай ва ҳаракати эътирозии ӯ дар охири асри 19 ва аввали садаи 20 таҳия ва нашр кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG