Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили амрикоӣ ба дифои муҳоҷири тоҷик бархост


Як вакили мудофеи амрикоӣ мегӯяд, 6 моҳ боз мунтазири посухи мақомоти Русия дар мавриди як муҳоҷири тоҷик дар он кишвар аст.

Павел Андерсон, ки дар Калифорнияи Амрико ба сар мебарад, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, барои дифои як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шаш моҳ ба ин тараф дар СИЗО-и ноҳияи Рамоскийи вилояти Маскав нигоҳдорӣ мешавад, ба мақомоти Русия муроҷиат намудааст, вале то ҳанӯз посухе дарёфт накардааст.

Вай гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Саидмӯъмин Бобоназаров, сокини ноҳияи Ҷилликӯл 6 моҳ қабл ба Русия омада буд, аммо кормандони пулис ӯро бо дуздидани маблағ айбдор карда ба боздоштгоҳ бурданд.

Ҷаноби Андерсон мегӯяд, вай вакили дифои озод аст ва аслан барои дифои ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки дар Русия дучори тӯҳмату фишор мешаванд, талош мекунад. Ӯ афзуд, дар мавриди Саидмӯъмин аз яке аз дӯстони вай дар Маскав хабардор шудааст.

Ба қавли Андерсон, се моҳ қабл вай ба адреси электронии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, се дафъа нома фиристодааст, вале ин номаҳо пас гаштаанд. Павел Андерсон мегӯяд, дар ноҳияи Ҷилликӯл бародари Саидмӯъмин бо номи Саидимомуддин зиндагӣ мекунад ва аз қазияи бародараш огоҳ аст.

Саидимомeддин дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ мерафт ва сиҳату саломат бармегашт, аммо 6 моҳ қабл аз як ҳуқуқшиноси амрикоӣ огоҳ шудааст, ки Саидмӯъмин дар вилояти Маскав аз тарафи пулиси боздошт шуда, пулҳояшро мусодира кардаанд.

Вай гуфт, интизор аст бо кӯмаки Павел Андерсон нома ба унвони Додситонии кулли Тоҷикистон ва президенти кишвар хоҳад навишт ва тақозо хоҳад кард, ки барои ҳимояи ҳуқуқи бародараш мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG