Пайвандҳои дастрасӣ

Франсуа Олланд, номзади Ҳизби сотсиалист рақиби худ Никола Саркозиро шикаст дод ва ба Кохи Елисей роҳ ёфт.

Олланд дар шаҳри Тюл хитоб ба издиҳоми ҷонибдоронаш гуфт, “ифтихор мекунад, ки тавони бахшидани умеди дубора ба мардуми Фаронсаро дорад”. Вай аз мардум ваҳдату якпорчагиро хост ва гуфт, ки “раиси ҷумҳури ҳама хоҳад буд”.

“Ман ифтихореро, ки ба ман додаанд ва вазоиферо, ки аз ман интизоранд, қабул мекунам. Дар ҳузури ҳамаи шумо қавл медиҳам, ки барои кишварам бо тамоми ҳастиам хидмат мекунам, он гуна, ки аз табиати ин вазифа бармеояд”.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар даври дуввуми интихобот Франсуа Олланд 51-52 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Никола Саркозӣ соҳиби 48-49 дарсади оро шудааст.

Баъд аз соли 1995 Олланд нахустин намояндаи сотсиалистҳо хоҳад буд, ки дар Фаронса дар курсии раёсати ҷумҳурӣ менишинад. Солҳои 1981-1995 аз сотсиалистҳо Франсуа Миттеран раиси ҷумҳур буд.

Баъд аз 20 дақиқаи баста шудани ҳавзаҳои раъйдиҳӣ, Никола Саркозӣ дар Порис дар ҳузури ҷонибдоронаш бохти худро эътироф ва телефонӣ Франсуа Олландро бо пирӯзиаш табрик кард. “Ман ҳамин ҳоло бо Олланд занг задам. Ман мехоҳам ба вай дар ин чолишҳо комёбӣ бихоҳам. Душвор хоҳад буд. Ман аз самими қалб мехоҳам, ки Фаронса-кишвари мо, ки ҳамаи моро муттаҳид мекунад, аз ҳамаи ин марҳилаҳои душвориаш бигзарад.”

Саркозӣ ҳамчунин эълон кард, ки вай масъулияти бохтро мепазирад. Вай гуфт, ки дар ҳаёти сиёсии Фаронса нақши дигаре хоҳад дошт, вале гузоришҳоро дар бораи рафтанаш аз сиёсат таъйид накард.

Ҳоло дар Фаронса бекорӣ 10 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар 12 соли ахир ба баландтарин зина расидааст. Набуди ҷои кор, афзоиши шумораи муҳоҷирон ва ояндаи иқтисоди Фаронса нигарониҳое ба бор овардааст.

Пирӯзии Олланд муборизаи Иттиҳодияи Аврупо бо бӯҳрони қарзро тағйир хоҳад дод. Вай барномаҳои бештари танзимкунандаи иқтисод ва масорифи бештареро барои рафъи нигарониҳои бозор матраҳ хоҳад кард, то Фаронса битавонад бо қарзҳои бузурги худ мубориза кунад.

Хосе Мануел Бароссо, раиси Кумиссиюни Аврупо шоми якшанбе Олландро бо пирӯзиаш табрик гуфт ва изҳор дошт, ки аз ҳадафҳои вай барои рушди иқтисоди Аврупо ҷонибдорӣ хоҳад кард. Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон пирӯзии Оландро “пирӯзии таърихӣ” хонд ва гуфт, ки кишвараш барои таъйини роҳи рушди Аврупо бо Фаронса кор хоҳад кард.

Олланд гуфта буд, роҷеъ ба будҷаи Аврупо, ки моҳи марти соли ҷорӣ 25 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо имзо карданд, дубора музокира анҷом хоҳад дод. Аҳднома дар бораи будҷаи Аврупоро Саркозӣ ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон таҳия ва пешниҳод карда буданд.

Фаронса дуввумин кишвари бузурги иқтисодии Аврупо ва ҳамкори муҳими Олмон ба шумор меравад. Олланд гуфт, ки дар рӯзҳои оянда аз Олмон боздид ва бо Ангела Меркел-нахуствазири ин кишвар нақшаҳои худро баррасӣ хоҳад кард. Нақшаҳои Олланд ҳамчунин ба масъалаи идомаи ҳузури нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон низ асар хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG