Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби фаронсавиҳо кист -- Ҳолланд ё Саркозӣ?


Натоиҷи шумориши орои интихоботи Фаронса ҳокист, Франсуа Ҳолланд дар даври аввал бар Никола Саркозӣ баранда шудааст.

Франсуа Ҳолланд, номзади ҳизби сотсиалист 28,63 фоиз ва Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури кунунии Фаронса 27,08 фоиз раъй ба даст овардаанд ва акнун дар даври дувуми интихобот, ки рӯзи 6 май хоҳад гузашт, бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Аз замони таъсиси ҷумҳурии панҷуми Фаронса дар соли 1958, раисиҷумҳур барои бори аввал дар даври аввали интихобот шикаст хӯрд. Рекорди дигари ин раъйгирӣ 18 фоиз раъйи бесобиқаи раҳбари Ҷабҳаи миллии ростгаро Марин Ле Пен буд.

Мақомҳои баъдиро номзади чапгароҳо Жан-Люк Меленшо ва номзади марказгароҳо Франсуа Байро ба даст оварданд, ки мизони ҳимояти онҳо дар давру бари 10 дарсад аст. Саркозӣ дар даври дувум метавонад ба нахустин президенти шикастхӯрда дар даври ниҳоии интихобот низ табдил ёбад. Назарсанҷиҳо шонси пирӯзии рақибаш Ҳолландро болотар медонанд ва баъди аз қудрат рафтани Франсуа Миттерран дар соли 1995, ӯ шояд нахустин президенти сотсиалисти Фаронса шавад.

Дар пешорӯи даври дувум Никола Саркозӣ ба корномаи худ такя мекунад ва мегӯяд, мегӯяд, омода ҳаст, масъулияти дифоъ аз мардуми Фаронсаро барои 5 соли дигар ба дӯш бигирад. Аммо Франсуа Ҳолланд, ки назарсанҷиҳо пирӯзӣ дар даври дувумро бештар ба номи ӯ рақам мезананд, бо ишора ба рақибаш Саркозӣ гуфт: “Даври дувум муҷозоти давроне хоҳад шуд, ки сар меояд, ва ҳам номзадеро радд хоҳад кард, ки дар суханрониҳои моҳҳои охираш беш аз ҳадд ростгаро шудааст.”

Дар бораи сабабҳои шикасти Саркозӣ ва инки рақиби ӯ Франсуа Ҳолланд кист, гуфтугӯе доштем бо Муҳаммадризои Шоҳид, хабарнигори бахши форсии Садои Амрико дар Порис.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG