Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯстони Сурия: "Тарҳи сулҳи Аннон охирин фурсат аст"


Ҳайатҳои 14 кишвари ғарбӣ ва арабӣ тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннонро “умеди охирин барои ҳалли бӯҳрони Сурия” арзёбӣ карданд.

Дар нишасти кишварҳои “дӯсти Сурия”, ки дар Порис баргузор шуд, онҳо талошу пойфишории худ барои амалӣ шудани ин тарҳро эълом доштанд. Тарҳи Кофӣ Аннон берун кардани нерӯҳои низомӣ ва тонку зиреҳпӯшҳо аз шаҳрҳо, ёрии башарӣ ба сокинони шаҳрҳои гирифтори даргириҳо, раҳоии маҳбусон ва фаъолияти бидуни монеъаи хабарнигорон дар Сурияро дарбар мегирад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар нишасти “дӯстони Сурия” аз Шӯрои амнияти СММ даъват намуд, ки ба хотири амалӣ шудани тарҳи хатми хушунат фишор болои ҳукумати Башор Асадро афзоиш диҳад ва таҳримҳои навро болои Димишқ эъмол кунад. Ба гуфтаи хонум Клинтон ин таҳримҳо бояд манъи сафари мақомоти Сурия ба дигар кишварҳо ва маҳдудиятҳояи молиявиро дарбар бигиранд. Ва аммо Ҳилларӣ Клинтон ба пазируфта шудани таҳримҳои нав мутмаин нест, зеро Русия метавонад ба қабул шудани онҳо дар Шӯрои амният мухолифат кунад. Як роҳи алтернативӣ, афзуд хонум Клинтон, вориди қазия шудани НАТО мебошад, ки метавонад дар ҷавоб ба тирборони қаламрави узви Паймон – Туркия ба мавқеъҳои артиши Сурия зарба занад.

Ален Жюпе, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, кишварҳои дӯсти Сурия омодаанд, ки дар сурати комёб нашудани тарҳи Кофӣ Аннон, роҳҳои дигар мусоидат ба хатми хушунат дар Сурияро ҷустуҷӯ кунанд.

Дар ҳамин ҳол Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Шӯрои амният хост, ки ҳарчӣ зудтар қарори то 300 нафар афзоиш ёфтани теъдоди нозирони байнулмилалӣ дар Сурияро бипазирад. Зимни суханронӣ дар Ню-Йорк ӯ изҳор намуд, ки баъд аз эълони оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ, вазъ дар Сурия тақрибан тағйир нахӯрдааст ва ин ғайри қобили қабул аст. “Вазъ хело ҳам шубҳаовар боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ӯҳдадории ҳукумат барои хатми хушунат, мо далелҳои зиёдеро мебинем, ки хушунат идома дорад”, -гуфт Бан Ки Мун.

Дабири куллии СММ аз Димишқ даъват кард, ки озодии комили рафтуои нозирон ва шароит барои интиқоли ёрии башариро таъмин намояд. Ҳукумати Сурия аз ин пеш эълом дошт, ки теъдоди нозирони байнулмилалӣ набояд бештар аз 250 нафар бошад.

Дар нишасти Порис мавзӯи ироаи кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Сурия низ баррасӣ шуд ва аҳли нишаст омодагии худ барои кӯмак ба паноҳандагони суриягиро эълом доштанд. Ба иттилои Антонио Гутерреш, масъули Раёсати паноҳандагони СММ, мақараш дар Женева, тайи як соли нооромиҳо дар Сурия тақрибан 230 ҳазор нафар манзилҳои худро тарк намуда, дар дигар манотиқи кишвар панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG