Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷикистон ваъдаи хатми шиканҷаро иҷро кунад"


Сафаралӣ Сангов, яке аз қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон.

Сафаралӣ Сангов, яке аз қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон.

Созмони Amnesty International рӯзи 4 май гуфт, ин фурсатест, ки ба шиканҷа дар Тоҷикистон поён дода шавад.

Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International дар баёнияи худ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки ӯҳдарориҳои худро дар мавриди мубориза бо шиканҷа дар кишвар иҷро кунад.

Ин баёния, тавре ки созмони Amnesty International ишора мекунад, ба муносибати сафари қарибвуқӯи Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури шиканҷа, ба Душанбе пахш шуда, дар он омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд замонат диҳанд, ки ҳамаи мавридҳои шиканҷаи айбдорашавандаҳо ба таври ҷиддӣ, мустақилона ва бетарафона пажӯҳиш мешаванд. Ва қурбониҳои эҳтимолӣ ҳадафи тарс додан ё муҷозот қарор нахоҳанд гирифт.

Дар ин эъломия омадааст, мақомоти интизомии Тоҷикистон боздоштшудагонро қабл аз судури ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳҳо мавриди шиканҷа ва азияту озори дардовар қарор медиҳанд то аз чунин роҳҳо эътирофоти онҳоро ба даст оранд. Хонум Рейчел Буглер, пажӯҳишгари масоили Тоҷикистон дар Amnesty International ба радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз чунин вазъ хеле нигаронем, барои он ки аз як тараф мақомоти расмии Тоҷикистон эъломияҳо мунташир месозанд ва қавл медиҳанд, ки барои қатъи шиканҷаҳои дардовар тадобири мушаххас меандешанд. Яке аз намунаҳои он изҳороти Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2012 дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал буд ва мо аз чунин ӯҳдадориҳо ва ваъдаҳо истиқбол мекунем. Вале аз сӯи дигар, мо хеле нигарон ҳастем, чунки то ҳол ба мо аз идомаи шиканҷаҳо дар Тоҷикистон гузоришҳо мерасанд. Одамонеро, ки ҳанӯз муттаҳам шинохта нашудаанд ва танҳо гумонбар мебошанд, ба идораҳои пулис мебаранд ва мавриди шиканҷаҳои дардовар қарор медиҳанд”.

Созмони Афви Байналмилал ба унвони яке аз охирин намунаҳо сарнавишти як шаҳрванди Тоҷикистон Тағойбек Шарифовбековро дар изҳороти худ мисол меорад, ки дар моҳи апрели соли равон бо гумони дузидани телефони мобил дар ноҳияи Ваҳдат боздошт ва ҳангоми бозпурсӣ аз тарафи кормандони милисаи ин ноҳия зарбулат ва шиканҷа шудааст.

Гуфта мешавад, ҳатто барои иқрори гуноҳ ангушти ӯро мешикананд ва ӯро бо истифода аз қувваи барқ азият мекунад. Ҳамчунин ду соат бо фосилаҳои нафаскашӣ сари ӯро зери об карда, ба сари синааш задаанд. Бино бар хабарҳо, Шарифбеков баъдан озод шудааст, вале кормандони милиса ду шиносномаи ӯро мусодира намуда, аз вай талаб кардаанд, ки рӯзи дигар 1700 сомонӣ ё 350 доллар биёрад. Шахсе, ки гумон меравад, телефони ҳамроҳи ӯро Шарифбеков дуздидааст, ба полис гуфтааст, ки Шарифбеков гунаҳкор нест, аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ин сухани ӯ эътино накардаанд.

Таҳқиқи пизишкии осори зарбулат дар бадани Шарифбеков 10-уми апрел нишон додааст, ки ин зарбаҳо бо ашёи сахт, аммо кунд зада шуда, бархе аз осор шояд аломати истифодаи қувваи барқанд. Рӯзи 14-уми апрел вакили Тағойбек Шарифбеков ба Додситонии кулли Тоҷикистон рафтааст, то аз шиканҷа шудани шахси зери ҳимояташ шикоят кунад. Вай асноди заруриро пешниҳод ва дар ин зимн дархост кард, зидди гумонбарони шиканҷаи Шарифбеков парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Шикоят аз тарафи яке аз додситонҳо тафтиш шуда, аммо бидуни шарҳ барои тафтиш ба корманди дигари ин ниҳод интиқол дода шудааст.

Созмони Amnesty International бо овардани ин намуна аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки барои поён додани шиканҷа дар ниҳодҳои боздошти пешакӣ даст ба амал занад.

Дар остонаи боздиди навбатии ҳайати худ аз Тоҷикистон Афви байналмилал аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостааст, ки ба парвандаҳои боздоштшудагон расидагии мустақил сурат бигирад. Намояндагони ин созмон моҳи апрели соли 2011 аз Тоҷикистон боздид карда буданд ва аз он замон ба ин сӯ онҳо бар вазъи шиканҷа дар ин кишвар аз наздик назорат мекунанд. Хонум Рейчел Буглер аз роҳи шиканҷа ба даст овардани эътирофи боздоштшудагонро намунаи заъфи мақомоти интизомӣ ва кормандони адлияи Тоҷикистон ва умуман ин система медонад: “Ба назари мо чунин мерасад, ки ин заъфияти бузурги системаи адлияи Тоҷикистон аст. Агар шумо системаи муназзам надошта бошаед, мардуми шумо ба нируҳои пулис бовар намекунанд ва ин масъалаи мавриди нигаронист”.

Афви Байналмилал дар гузориши худ намунаҳое аз азияту озори боздоштшудагонро овардааст. Тағойбек Шарифбеков, Фарҳод Додобоев, Нозим Салимзода, Муҳаммадшариф Умаров, Равшан Холов, Сафаралӣ Сангов ва Ёсинҷон Сафаров аз ҷумлаи ононе ба шумор мераванд, дар марҳалаи расидагӣ ба парвандаашон шиканҷа шудаанд. Ин созмони байналмиллалӣ хостааст, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро чун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа иҷро кунад. Ин ӯҳдадориҳо аз моддаи 13 санади мазкур бармеояд.

Дар ҳамин ҳол Раёсати умурии ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки интизор меравад, Гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи шиканҷа дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо чанде аз маҳбусон чашм ба чашм сӯҳбат кунад ва аз маҳбаси рақами 7 воқеъ дар шаҳри Душанбе дидан намояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG