Пайвандҳои дастрасӣ

Искандар Усмонов, коргардони тоҷик, филми навбатии худ бо номи «Барқия» ("Телеграмма") -ро ба анҷом расондааст, ки рӯзи 28-уми апрел дар Душанбе расман ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Филм аз рӯи ду ҳикояи худи муаллиф «Макон» ва «Барқия» рӯи навор омадааст. Қаҳрамонони филм, яке Акмал актёри муваффақ аст, ки дар театр кор мекунад ва дигарӣ, Холаи Ҳалима, собиқ шаҳрнишин ва ҳоло деҳнишин аст, ки орзу дорад дар паҳлӯи шавҳараш дар шаҳр ба хок супурда шавад. Ҳарду дар пайи гирифтани як барқия ба ҳадафҳои худ намерасанд. Ба гуфтаи Искандар Усмонов, филмро Дафтари рушд ва ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ҳаводиси филм дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ағбаҳои кишвар наворбардорӣ шудаанд. Ин филми дувоздаҳуми Искандар Усмонов аст. Филмҳои ӯ «Хушбахте, ки хушбахтӣ меорад» ва «Ҳарому ҳалол» дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ соҳиби ҷоиза шудаанд.
XS
SM
MD
LG