Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина муҳокимаи нави Тимошенко сар шуд


Дар шаҳри Харкови Украина муҳокимаи парвандаи нави ҷиноии сарвазири пешини Украина, Юлия Тимошенко, дар ҳоле сар шуд, ки ӯ бо иттиҳоми харҷи ғалати 400 миллион доллари буҷа ба 7 соли ҳабс маҳкум шудааст. Тимошенко, ки ҳама гуна айбномаҳоро рад мекунад, аз ширкат дар муҳокима сарпечӣ намуд. Вай мегӯяд, шадидан бемор аст. Ҳазорон нафар аз ҷонибдорони Тимошенко дар назди бинои гирдиҳамоӣ тазоҳурот барпо карданд. Онҳо муҳокимаҳоро сиёсӣ ва интиқоми ҳукумати президент Виктор Янукович мешуморанд.
XS
SM
MD
LG