Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсӣ: Раиси собиқи Донишгоҳи иқтисодӣ дар боздошт аст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Раиси пешини Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар тасарруфи 1 миллион сомонӣ маблағи давлат муттаҳам мешавад.

Нозимҷон Нидоев, раиси пешини Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, аз тарафи кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди ин кишвар бо иттиҳоми тасарруф ва азхудкунии маблағи давлат ба миқдори 1 миллион сомонӣ боздошт шудааст.

Муллопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ректори собиқ бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста мешавад ва дар ҳоли ҳозир алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ бозрасии парвандаи ҷиноии раиси пешини Донишгоҳи иқтисодӣ аз тарафи муфаттишони Оҷонси мубориза бо фасоди ин кишвар дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Дар ҳоли ҳозир муовини раиси ин Донишгоҳ дар умури хоҷигадиорӣ, Эмомалӣ Одинаев, низ бо иттиҳоми мушобеҳ (монанд) дастгир шудааст. Вай қаблан аз сӯи кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Зимнан, Нозимҷон Нидоев, доктори улуми иқтисодӣ буда ва дар Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мақоми муовинати раис аз моҳи ноябри соли гузашта бар ӯҳда дорад.

Дар чанд соли ахир чанде аз устодону масъулони донишгоҳҳои кишвар бо иттиҳоми ришвахорӣ ва ё аз худ кардани маблағи давлат боздошт шудаанд. Худи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чандин суханрониҳои худ ба ин мавзӯъ рӯ оварда ва ҳатто тирамоҳи соли гузашта хоста буд, то бахши маориф аз афроди фасодкор (манзур фасоди молӣ) пок карда шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG